Савоби ифтор ва дуои таъом (дуои руза кушодан)

0

Савоби ифтор ва дуои таъом (дуои руза кушодан)


1-Касе рӯзадореро таъом бидиҳад, мисли савоби рӯзадор савоб мегирад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

 «مَنْ فَطَّرَ صَائِمًا كُتِبَ لَهُ مِثْلُ أَجْرِهِ، إِلَّا أَنَّهُ لَا يَنْقُصُ مِنْ أَجْرِ الصَّائِمِ» (كذا في سنن الدارمي -2/ 1062/ 1744 -عَنْ زَيْدِ بْنِ خَالِدٍ الْجُهَنِيِّ،وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح).

“Касе рӯзадореро ифтор бидиҳад барояш мисли савоби ӯ савоб навишта мешавад, магар ин, ки чунин савоб додани ба ифтордиҳанда ҳеҷ чизеро аз савоби рӯзадор кам намекунад”.


2-Ҳангоми ифтор кардан ин дуоро мехонад. Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади мурсали тақвиятшаванда чунин омадааст:

“أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا أَفْطَرَ قَالَ:اللَّهُمَّ لَكَ صُمْتُ،وَعَلَى رِزْقِكَ أَفْطَرْتُ»(كذا في سنن أبي داود -2/ 306/ 2358 –عَنْ مُعَاذِ بْنِ زُهْرَةَ، مرسلاً، ولكن للحديث شواهد يقوى بها.كما في التعليق على جامع الأصول -6/ 378)

“Пайғабар (с) чун ифтор мекард чунин мегуфт:”Аллоҳумма лака сумту ва ало ризқика афтарту”.

“Ё Аллоҳ! Барои Ту рӯза доштам ва бо ризқи додаи ту ифтор кардам”.


3-Дуоҳои дар ҳақи соҳиби таъом.

1-Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин дуо кардааст:

«اللَّهُمَّ بَارِكْ لَهُمْ فِيمَا رَزَقْتَهُمْ، وَاغْفِرْ لَهُمْ وَارْحَمْهُمْ» (كذا في سنن أبي داود -3/ 338/ 3729 – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ بُسْرٍ، مَنْ بَنِي سُلَيْمٍ وحكم المحقق: صحيح).

“Аллоҳумма борик лаҳум фимо разақтаҳум вағфир лаҳум варҳамҳум”.

 “Бор Худоё! Дар ризқе, ки барои инҳо додаи баракат бидеҳ ва онҳоро мағфират ва раҳмат намо”.

2-Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин дуъо кардааст:

”اللهُمَّ،أَطْعِمْ مَنْ أَطْعَمَنِي، وَأَسْقِ مَنْ أَسْقَانِي”. (كذا في صحيح مسلم -3/ 1625)

“Аллоҳумма атъим ман атъаманӣ васқи ман асқонӣ”.

 “Бор илоҳо! Ҳар касе ба мо таъом дода таъомаш бидеҳ ва ҳарки моро сероб кард серобаш бикун”.

3-Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин дуо кардааст:

«أَفْطَرَعِنْدَكُمُ الصَّائِمُونَ، وَأَكَلَ طَعَامَكُمُ الْأَبْرَارُ،وَصَلَّتْ عَلَيْكُمُ الْمَلَائِكَةُ» (كذا في سنن أبي داود -3/ 367/ 3854 – عَنْ أَنَسٍ، وحكم المحقق: صحيح).

“Афтара индакумус-соимун ва акала таъомакумул аброр ва саллат алайкумул-малоикаҳ”.

“Рӯзадорон дар назди шумо ифтор бикунанд ва некон таъоми шуморо бихуранд ва фариштагон бар шумо дуруд бифристанд”.


Маърифати рӯза

Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣОдоби рӯзи Иди Рамазон
Мақолаи баъдӣМанҳаҷҳои эътиқодӣ / Манхачхои эътикоди