Қудрати сухан (ҳикоя)

0

Рӯзе марди нобиное дар пеши зинапояҳои бинои баландошёна дар пешаш кулоҳе нишаста буд. Дар дохили кулоҳ як чанд тангае буду халос. Дар паҳлӯи вай дар коғазе навишта шуда буд:

“Ман кӯрам, илтимос ба ман кӯмак кунед!”

Ҳамин вақт марде аз ҳамонҷо гузар мекард. Вай якчанд тангаe ба кулоҳ гузошт ва бидуни иҷозати шахси нобино коғази назди ӯро бигирифт ва дар пушташ чизе бинависту онро дар ҷояш бигзошт ва рафт. Чун бегоҳ боз аз ҳамонҷо мегузашт, ки дид аллакай дохили кулоҳ пур аз пул буд. Шахси нобино ӯро аз шарфаи пояш бишнохт ба ӯ гуфт:

“Ҳамон шахси саҳар аз ин ҷой гузар кардагӣ шумо будедмӣ? Дар коғаз чӣ навишта будед?”

Он шахс гуфт:

Аҳамият надорад. Ҳақиқатро, фақат ба дигар тарз навистам. – ва табассум карду рафт.
Дар коғаз навишта шуда буд:

“Алҳол баҳор аст, аммо ман вайро дида наметавонам ”

Дарахти макри зан сад реша дорад… (ҳикоя)

Мақолаи қаблӣАндоз барои саг
Мақолаи баъдӣШахси бетолеътарин

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед