Тафсири Сураи Раъд Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 13
وَيُسَبِّحُ الرَّعْدُ بِحَمْدِهِ وَالْمَلَائِكَةُ مِنْ خِيفَتِهِ وَيُرْسِلُ الصَّوَاعِقَ فَيُصِيبُ بِهَا مَنْ يَشَاءُ وَهُمْ يُجَادِلُونَ فِي اللَّهِ وَهُوَ شَدِيدُ الْمِحَالِ ١٣
Ва юсаббиҳу-р-раъду би ҳамдиҳӣ ва-л-малаикату мин хӣфатиҳӣ ва юрсилу-с-саваъиқа фа юсӣбу биҳа ма-я яшау ва ҳум юҷадилуна филлаҳи ва Ҳува Шадӣду-л-миҳал. 13.
13. Ва раъд бо ситоиш Ӯро ва фариштагон ҳам аз тарс Ӯро ба покӣ ёд мекунанд. Ва мефиристад соиқаҳоро, пас, онро ба ҳар касе, ки хоҳад, мерасонад. Ва он (кофир)-ҳо дар сухани Худо ҷидол мекунанд. Ва гирифтани (нохуши овардани) Ӯ таоло сахт аст.
Дар оятҳои Қуръон, аз он ҷумла дар сураи «Бани Исроил» омадааст, ки ҳама мавҷудот дар замин ва осмонҳо Худовандро ба покӣ ёд мекунанд, яъне тасбеҳ мегӯянд. Аммо мардум тасбеҳ гуфтани онҳоро намешунаванд. Худованд дар ин оят хабар додааст, ки раъди ғурранда ҳам (ҳамд) санои Парвардигорро мехонаду тасбеҳ мегӯяд. Фариштагон ҳам аз хавф Парвардигорро тасбеҳ мегӯянд.
Дар давоми оят омадааст: Худованд Зотест, ки ҳангоми раъду барқ савоиқ (оташакҳо)-ро ба рӯйи Замин мефиристад ва агар хоҳад бо василаи онҳо касонеро, ки дар бораи тавҳид (ягонаги)-и Аллоҳ таоло баҳсу муҷодала мекунанд, месӯзонад. Зеро Аллоҳ таоло Зотест тадбиркунандаи беандоза бузург ва касе сазовори бадӣ бошад, ӯро ба ҷазои сахт гирифтор мекунад.
Сабаби нузули ояти мазкурро Ибни Касир (р) чунин гуфтааст: Расули Аллоҳ (с) мардеро ба сӯи як сардори мутакаббири араб фиристод ва ба ӯ фармуд: “Бирав ӯро ба сӯйи ман фаро хон.” Он мард рафт ва ба ӯ гуфт: Расули Аллоҳ туро фаро мехонад. Он мутакаббир дар посухи вай гуфт: “Расули Худо кист ва Худо кист? Оё ӯ аз тиллост ё аз нуқра, ё аз сурб?” Он мард назди Расули Аллоҳ (с) баргашт ва ба ӯ (с) гуфт: “Эй Расули Аллоҳ! Ман ба шумо гуфтам, ки ӯ саркаш аст. Ман назди ӯ рафтам, дар посух чунин гуфт.” Хулоса, бори дувум ӯро Расулуллоҳ (с) ба назди он мард фиристод. Саҳоба дар посух ҷавоби авваларо аз ӯ шунид. Бори севум Расулуллоҳ (с) он мардро ба сӯйи ӯ фиристод. Дар асное ки саҳоба бо ӯ дар гуфтугӯ буд, ногаҳон Худованд абреро болои он мард фиристод, он абр ғурридан гирифт, аз ӯ соиқа (оташаке) ҷаҳид бар сари он фиръавнтабиат фуруд омад, вай ҳамоно ба хок яксон шуд.
Дар ҳадис омадааст, ки чун Расулуллоҳ (с) садои раъдро мешунид ва соиқаро (барқро) медид, дуои зеринро мехонд: «Аллоҳумма ло тақтулно биғазабика ва ло туҳликуна би азобика ва ъофино қабла золика». «Худоё! Моро ба ғазаби Худ нест накун, ба азоби худ ҳалок масоз ва қабл аз инҳо моро амонй бахш».
Бо ривояти Имом Табаронӣ аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Чун садои раъдро шунидед, Худои таолоро ёд кунед, зеро раъд ба касе ки ба зикри Худо машғул аст, осебе намерасонад». Аз барои ҳамин дар ҳолати шунидани раъду дидани барқ хондани ин ду оят (яъне, Оятҳои. 12-13-ум) суннат аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «