Тафсири Сураи Рахмон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 33
يٰمَعۡشَرَ الۡجِنِّ وَالۡاِنۡسِ اِنِ اسۡتَطَعۡتُمۡ اَنۡ تَنۡفُذُوۡا مِنۡ اَقۡطَارِ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ فَانْفُذُوۡاؕ لَا تَنۡفُذُوۡنَ اِلَّا بِسُلۡطٰنٍۚ ٣٣
Йа маъшара-л-ҷинни ва-л инси инистатаътум ан танфузу мин ақтори-с самавати ва-л-арЗи фанфузу. Ла танфузуна илла би султон. 33.
33. Эй гурӯҳи ҷин ва инс, агар тавонед, ки аз канораҳои осмонҳо ва Замин (аз тақдир) гурехта берун равед, пас, берун равед, берун рафта наметавонед, магар ба қудрати илоҳӣ (ин гунна тавонои ба шумо дода нашудааст).
Эй гурӯҳи ҷину инс, агар шумо қодиред, ки аз тарсу таҳлукаи азобу иқоби Аллоҳ таъоло ба гӯшаҳои Замину осмон фирор намоед ва хоҳед худро наҷот диҳед, наметавонед. Шумо қуввати чунин имкониятро надоред? На ба қаҳру ғазаб ва на ба нерумандӣ ба чунин мақсад комёб нахоҳед шуд. Ҳар куҷо, ки бошед, дар муҳити ҳукми Аллоҳ таъоло қарор доред. Бе кумаки Аллоҳ таъоло ҳеҷ кореро ба сомон расонида наметавонед.
Рӯзи ҳашр бошад, фариштаҳо бо ҳафт саф мардумро печононанд ва он рӯз мардум роҳи халосӣ ҷӯянду гӯянд: «Айнал мафарр» – «Дар куҷост роҳи гурез». (ояти 10-уми сураи «Қиёмат»). Локин Замину осмони дигаре нест, ки ба он ҷо паноҳ баранд. Акнун аз рӯйи Замину зери осмони Парвардигор дигар ба куҷо рафта метавонанд! Баъзе уламо бар инанд, ки калимаи султон ба маънои илм аст. Аслан султон маъноҳои қувват, мулк, ҳуҷҷат, илм ва дигарро дорад. Агар султонро ба маънои илм қабул намоем, пас ин оят ба рушди илми кайҳоншиносӣ далелу асос шуда метавонад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «