
Дар ҳаёти ҳар инсон амали савобу гуноҳ ҳаст. Баъзан ин ё он амали одам боиси кам ё зиёд шудани ризқ мегардад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Фуруд оред ризқро ба садақа”. Яъне, садақа ва бахшиш бар мӯҳтоҷон сабаби фарох ва фаровон шудани ризқу рӯзии инсон мегардад.
Саҳари барвақт аз хоб бархостан муборак ва хуҷаста буда, сабаби тандурустӣ, кайфияти хуб, бисёр шудани молу авлод, ризқу рӯзӣ, илму амал ва дигар неъматҳо шуда, баракат меорад.
Чунончӣ, гӯсфанд бо вуҷуди соле як бача овардану забҳ (кушта) шуданаш бисёр аст. Зеро саҳар бедор мешавад. Аммо саг бо вуҷуди аз чор то нӯҳ бача оварданаш ва кушта нашуданаш кам аст. Чунки вақти субҳ хоб меравад.
Субҳ аз хоб ҳам шудан бедор,
Баракатро биёварад бисёр.
Дар ҷамеи ниам диҳад баракат,
Бар сари кас биёварад раҳмат.
Ҳусни хат низ яке аз сабабҳои кӯшоиши ризқ аст, кушодарӯӣ, хушсуханӣ ва хушхулқӣ низ ризқро фаровон ва фарох мегардонад. Ҳазрати Ҳасан ибни Алӣ разияллоҳу анҳумо гуфтаанд: “Рӯфтани хона ва ҳавлию кӯча, шустани дегу табақ ва дигар зарфҳо, хуллас, тозагии хона ва муҳити зист сабаби пайдо шудани файзу баракат ва дорою давлатманд шудани инсон мегардад.
Бояд гуфт, ки тозагӣ як шӯъбаи имондорӣ буда, аслан аз ҷомаву тан оғоз меёбад.
Рӯфтани рӯи хонаву дару бом,
Шустани косаву табақ зи таом.
Ризқро пур кунад, ғано орад,
Оқил инҳо зи даст нагзорад.
Беҳтарин сабаби афзун ва фаровон шудани ризқ гузоридани намоз бо одобу ҳурмат, хоксорию фурӯтанӣ ва некӯ кардани қиёму қироату рукӯъ ва суҷуд аст:
Шуд зи асбоби ризқ, эй дамсоз,
Бо хушӯъу хузӯъ адои намоз.
Дар ин хусус Иброҳими Накаъӣ гуфтаанд: “Чун дидед намозгузореро, ки сабук мекунад рукӯъу суҷудро, пас раҳм кунед ба аҳлу аёли ӯ бар тангии маишат”.
Зеро бо шитоб хондани намоз ва сабун кардани рукӯъу суҷуд сабаб мешавад ба кам шудани ризқу рӯзӣ. Пеш аз азон ба масҷид рафтан, доимо бо таҳорат гаштан, дар хона хондани суннати бомдод ва витр, пас аз витр сухани дунё нагуфтан боис мегардад ба фарох шудани ризқи инсон. Дар ҳадис омадааст: “Касе ки суннати бомдодро дар хона гузораду фарзро дар масҷид, ризқаш фаровон гардида, ҷанҷолу моҷаро миёни ӯ ва ҳамсараш кам мешавад ва аз дунё бо имон меравад”.
Ҳамчунин ба Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) зиёд салавот фиристодан, бо ихлос ва эътиқод такрор кардани калимаи “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийил азим”, ҳар шаб хондани сураҳои “Ёсин”, “Воқеъа” ва “Таборак” ризқро фарох мекунад. Чунончӣ, дар ҳадис омадааст, сафар намудан ва зиёрати Хонаи Каъба кардан инсонро давлатманду тандуруст мегардонад.
Хомӯш будан ва бозистодан аз каломи лағву беҳуда низ сабаби амну офият ва фаровон шудани ризқу рӯзии инсон мешавад. Ба гуфтаи шоир:
Хомӯшӣ аз каломи беҳуда,
Ин ҳама ризқро кунад тӯда.


