Ё чунон кун ё чунин! Шеъри Мухаммад Икбол Лохури

0

Шеъри шоири бузург Мухаммад Икбол Лохури бо номи “Ё чунон кун, ё чунин” дар шакли пурра аз саҳифаи www.donish.su баҳри шумо оварда мешавад >>


Ё бирав пеши рақибам, ёр бошу ҳамнишин,
Ё биё пеши ману бо ман бимон, эй беҳтарин
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё бимон хуршеди ишқат нур пошад то абад
Ё ғамамро дур аз ман созу кун нақши замин
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё бизан дар пои ман завлонаи бахти сиёҳ,
Ё биё бигзор дар ангушти бахти ман нигин
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё биё аз сӯи мардум, бебаҳона сӯи ман,
Ё гуноҳи хешро кун айби ону айби ин
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё бишав Хусрав, ки бошад ишқи Ширинат насиб,
Ё бишав Маҷнун, ки бар аҳдат бигӯям офарин.
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё бикун бо дилбари армони қалбам издивоҷ,
Ё бирав бо ҳар ки пеш ояд зи раҳ, шав ҳамнишин
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё гирифторам макун ҳаргиз ба ишқи бесамар,
Ё алайҳи ишқи покам сад камон гиру камин.
Ё чунон кун, ё чунин!

Ё маро бигзору бигзар, талх гирям баъд аз ин,
Ё насибам кун зи дунё қисмати ширинтарин
Ё чунон кун ё чунин!

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ


Мақолаи қаблӣАгар шабона пиёзро дар кафи пой гузоред …
Мақолаи баъдӣРузи Абуабдуллох Рудаки (Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)