Се дарахти дарозумртарин

0

МАФУСАИЛ

Мафусаил арчаи кӯҳист, ки 4841 сол умр дорад ва куҳансолтарин ҷони зинда дар рӯи замин маҳсуб мешавад. Маскани ҷойгиршавии дарахтро пинҳон медоранд, то мардум ба нашъунамои он халал нарасонанд.

Мафусаил
Мафусаил

Мафусаил дар Парки миллии Калифорния байни кӯҳҳои Инё ва Уайт – Маунтис мерӯяд. Аз ин дарахти қадимтар Прометей ном дошту 4900 сола буд. Онро соли 1964 олимон бо иҷозати ҳукумат барои таҳқиқот буриданд.


САРВИ ЗАРДУШТ

Ин сарв дар деҳаи Абаркӯҳи Эрон мерӯяду 4000 сол умр дорад. Сарв 25 метр баландӣ ва 18 метр ғафсӣ дорад. Тахмин меравад, ки ин дарахтро худи Зардушт шинондааст, аммо ин иштибоҳ аст. Чунки сарв якуним – ду ҳазор сол аз Зардушт бузургтар аст.


ТИС ЛЛАНГЕРНЕВ

Синну соли дарахтонро бо мушкилӣ муайян мекунанд. Аммо дарахте, ки дар деҳаи Ллангернев, дар Уэлси Шарқӣ ҷойгир аст, аниқ 4000 сол умр дорад.

 

ТИС ЛЛАНГЕРНЕВ
ТИС ЛЛАНГЕРНЕВ

Ғафсии тани он 11 метр ва мувофиқ ба синну солаш аст.

Мақолаи қаблӣРузи Ошуро чи гуна руз аст?
Мақолаи баъдӣАкадемияи Афлотун

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед