Сураи Сабо Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 7

وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا هَلۡ نَدُلُّكُمۡ عَلٰى رَجُلٍ يُّنَبِّئُكُمۡ اِذَا مُزِّقۡتُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍۙ اِنَّكُمۡ لَفِىۡ خَلۡقٍ جَدِيۡدٍۚ‏ ٧

Ва Қола-л-лазӣна кафару ҳал надуллукум ъала раҷули-й юнаббиукум иза муззиқтум кулла мумаззақин иннакум ла фӣ халқин ҷадӣд. 7.

7. Ва кофирон (масхаракунон) бо якдигар гуфтанд: «Оё шуморо бар марде далолат кунем, ки ба шумо хабар медиҳад, ки чун шумо пора-пора (ва ё реза-реза) шавед, ҳаройина, аз нав офарида хоҳед шуд?»

Шахси мусалмон имон бар он дорад, ки Худованд бо забони Пайғамбар (с) зинда гардонидани баъд аз мирониданро хабар додааст. Ин хабар ҳаққасту рост. Аммо кофирон ин ваъдаи Худовандро Қабул накарда, ҳатто мавриди масхараву истеҳзо Қарор дода, ишора ба Расулуллоҳ (с) карда, баъзеи аз онҳо ба баъзеяшон гуфтанд, ки оё ба шумо аз марди аҷибу ғарибе, ки суханҳои ҳайратовар мегӯяд, хабар диҳем ва ӯро ба шумо нишон диҳем? Оё медонед ӯ чӣ хабар медиҳад? Ӯ мегӯяд, ки агар баъд аз марг инсон комилан реза резаву аз ҳам пароканда шавад, устухонҳояш пӯсида, зарраҳои хоки вай ба воситаи шамол дар бару баҳр пошида шаванд, боз ҷамъ мешаванд, бо ҳамон шакле, ки дар дунё буданд, аз нав зинда гашта аз Қабрҳо бармехезанд? Оё ин имкон дорад? Кофирони Қурайш ва мункирон баъс, (зинда гаштан баъд аз мурдан)-у ҷазо аз ин ҳам пештар рафта мегуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)