Бандаеро арра бар сар мениҳад … (шархи Чоркитоб)

0

 Матни муқаддима

Бандаеро арра бар сар мениҳад,
Дигареро тоҷ бар сар мениҳад.


Шарҳи матн

1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ҳаёту мамотро барои озмоиш офаридааст, то зоҳир шавад, ки кадоми мо дар амал накӯтар ва хӯбтарем. Агар шукру сипосгузории касеро имтиҳон бикунад барояш молу мулк, мансабу вазифа ва тоҷу тахт медиҳад, валекин агар сабру шикебоии касеро мавриди озмоиш қарор бидиҳад вайро ба азобу шиканҷа ва кушта шудану маҳв гардидан рӯ ба рӯ мекунад.

2-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ду пайғамбари бузургвораш, падару писар ҳазрати Довуд ва Сулаймон (а)-ро бо тоҷу тахт ва ду пайғамбари бузургвори дигараш ҳазрати Закарийё ва Яҳё (а)-ро, якеро яъне падарро тавассути арра ду пора шудан ва дигараш, яъне писарро тавасути шамшери душмани золим сараш қатъ гардидан озмоиш кардааст.


Далелҳои матн

1-Насаби ҳазрати Закарийё ва Яхё (а). Падару писар ҳазрати Закарийё ва Яҳё мисли ҳазрати Довуд ва Сулаймон аз пайғамбарони Бани Исроил ва аз насли Яҳудо писари ҳазрати Яъқуб мебошанд. Ҳазрати Яҳё писари ҳазрати Закарийё аст ва мисли ӯ пайғамбаре аз пайғамбарони Бани Исроил ва аз насли Яҳудо аст. Яке аз сифатҳои ҳазрати Закарийё ин ҳаст, ки дуредгар буд ва аз амали дасти худаш ризқашро мехурд.

2- Муносибати ҳазрати  Закарийё бо ҳазрати Марям . Ҳамсари ҳазрати Закарийё Ийсоъ ном дошт ва холаи ҳазрати Марями модари ҳазрати Исо (а) аст. Модари ҳазрати Марям қабл аз таввалуди духтараш назр карда буд, ки вайро ходимаи маъбад мегардонад. Дар ҳамин асос ҳангоме ҳазрати Марям ба дунё меояд ва бузург мешавад модараш вайро ба маъбад мебарад ва дар маъбад ҳазрати Закарийё, ки шавҳари холаи ҳазрати Марям буд,  кафили вай муқарар мегардад.

3-Адовати таҳрифгарони Таврот ва дини яҳудият бо ҳазрати Закарийё. Ҳазрати Закарийё (а) бо рӯҳониёни фосиди маъбад ҳамеша даргир мешуд ва онҳо нисбат ба вай буғзу кинаи зиёд доштанд. Ҳангоме ҳазрати Марям бидуни шавҳар ва бо амри Аллоҳ таоло аз дамидани ҳазрати Ҷибраил рӯҳро дар гиребони вай бордор мешавад, ҳамагон дар ҳайрат мемонанд. Рӯҳониёни Бани Исроил ба ҷои тасдиқ кардани муъҷизаи илоҳӣ, ҳамчуноне ҳазрати Одамро қабл аз ҳазрати Исо бидуни падару модар офарида буд, нисбат ба ҳазрати Марям бадгумон мешаванд ва ӯро туҳмат ба зино мекунанд. Азбаски кафили вай дар маъбад ҳазрати Закарийёст барои рӯҳониёни кинатуз ва таҳрифкунандаи Таврот ва дини яҳудият беҳтарин фурсат буд то вайро ба зино кардан бо ҳазрати Марям туҳмат бикунанд ва сангсораш бикунанд ва ҳазрати Закарийёро аз роҳи худ бардоранд ва роҳи фасоду таҳрифи динро дар дини яҳудият боз бикунанд.

Ҳазрати Закарийё ҳангоме аз ин нақшаи рӯҳониёни фосид бохабар шуд рӯ ба фирор овард ва дохили дарахти бузурге пинҳон шуд, вале қазо ва қадар чунин будааст, ки душманонаш макони ӯро пайдо карданд ва ҳамроҳ бо дарахт ӯро арра карданд ва шаҳид гардид. Дар он замон ҳазрати Закарийё тақрибан садсола будааст ва баъди таваллуди ҳазрати Исо ба шаҳодат расидааст, пас замони вафоти  ӯ тақрибан 2100 сол қабл аз замони мо мешавад.

3-Қиссаи ҳазрати Яҳё алайҳиссалом.  Мутобиқи ривоятҳои таърихӣ таваллуд шудани ҳазрати Яҳё аз падару модари умрашон ба садсолагӣ расида муъҷизанок буд ва дар ин ҳам ҳеҷ шаке нест. Зеро бо дуои ҳазрати Закарийё дар пиронсолӣ Аллоҳ таоло барояш ин фарзанди бузургворро ато кардааст. Ҳазрати Яҳёро дар китобҳои яҳудиён Илё ва дар насрониён Юҳано ном мебаранд ва мутобиқи ривоятҳо шаш моҳ қабл аз Исо (а) ба дунё омадааст. Дар даврони хурдсолӣ пайғамбарияш ошкор шуда буда ва баъди падараш бар муқобили рӯҳониёни фосиди Бани Исроил истода буд ва таълими дурусти Тавротро ба мардум мерасонид.

Мутобиқи ривоятҳои таърихӣ ҳазрати Яҳё бо издвивоҷи подшоҳи вақташ бо духтари ҳамсараш ё бо духтари бародараш мухолафат кардааст ва дар асари он золимона кушта шудааст.

Баъзе уламо ояти 12 сураи “Марям”-ро ҳуҷҷат қарор дода гуфтаанд, ки ҳанӯз дар хурдсолияш ба Яҳё (а) ваҳйи шудааст:

{يَا يَحْيَى خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ وَآتَيْنَاهُ الْحُكْمَ صَبِيًّا} )مريم: 12(

“Эй Яҳё! Китобро (Тавротро) бо қувват бигир ва ба ӯ дар хурдсолӣ ҳукмро (илму ҳикмат ё нубувватро)  додаем”.

Мақолаи қаблӣҲам зи Юнус луқмае бо ҳут дод (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣҲаст султонӣ мусаллам мар варо … (шарҳи Чаҳоркитоб)