19 кг вазну 16 метр дарозии мӯй

1

Аша Мандела соҳиби мӯйи дарозтарин ба ҳисоб меравад. Вазни мӯйи ӯ 19 килограмм буда, дарозиаш 16,7 метрро ташкил медиҳад. Аша мӯйи худро ҳафтае як бор мешӯяд. Барои шустан шаш шампун истифода мебарад. Баъд онҳоро ду рӯз хушк мекунад.

Табибон ба ӯ буридани мӯйҳояшро тавсия медиҳанд. Аз вазнинии мӯй сутунмуҳрааш каҷ шудааст. Ӯ ду маротиба инсулт, ду маротибаи дигар сактаи дилро гузаронда, бо саратон ҳам мубориза бурдааст. Ҳатто дар вақти қабули химиотерапия ҳам мӯяшро набуридааст. Аша бо мӯйи дарозаш дар ҷаҳон ном баровард. Барои дароз кардани мӯяш ӯ 25 сол сарф кардааст.

Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА,   рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Атри арабӣ чӣ бартарӣ дорад?

Мақолаи қаблӣЯкчанд сирри забономӯзӣ
Мақолаи баъдӣ6 иморати баландтарини ҷаҳон

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед