Чаро шишахои тиреза арак мекунанд?

Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд. Ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро намебинем.
Чунин ҳолат барои он рӯй медиҳад, ки ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил мешаванд.
Чунин табдилшавии газ ба моеъ канденсатсия ва ё моеъшавӣ ном дорад.
Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.


