Шаби Кадр, Шаби Лайлатуль кадр, шаби лайлатулқадр, шаби Қадр соли 2025.
Шаби қадр (шаби боқадр ва тақдир) бар ҳаммаи шабҳои сол фазилат ва бартарӣ дорад ба хотири ин, ки сураи аввалини Қуръони карим дар он шаб нозил шудааст. Тибқи тахмини бештари уламоҳои исломӣ шаби қадр ба шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Соли 2025 ин шаб, аз шаби 26-уми март ба рӯзи 27-уми март рост меояд, ки ин рӯз, рӯзи 27-уми моҳи Рамазон мебошад.
Инчунин ба гуфтаи Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) шаби қадр ин шабҳои тоқи даҳаи охирин, яъне шабҳои 21, 23, 25, 27 ва 29 мебошад. Хусусан шаби 27-ум.
Дар ҳадис омадааст:
(Шаби қадрро дар шабҳои фарди даҳ шаби охири рамазон талош кунед). Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар даҳ рӯзи охири рамазон сахт ба ибодат машғул мешуданд.
Чунон, ки Уммулмуъминин Оиша мефармояд: “Ҳангоме, ки даҳ рӯзи охири моҳи рамазон фаро мерасад. Расулуллоҳ (с) шаб бедор мемонд. Ва хонаводаашро бедор мекард. Ва сахт ба ибодат машғул мешуд”.
Дар Қуръони карим дар сураи Қадр (97-умин сура) чунин омадааст:
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Мо дар шаби қадр нозилаш кардем! (Қуръонро)
Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?
Шаби қадр (шабест, ки) беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Дар он шаб фариштагону Рӯҳ ба фармони Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо нозил мешаванд.
Он шаб то тулӯи бомдод ҳама салому эминӣ аст!
шаби кадр лайлатуль кадр шаби лайлатулқадр дар соли 2024 кай мешавад шаби кадр 2024.