Шаби Қадр (лайлатуль кадр)

0

Дар ин мақола маълумот дар бораи шаби кадр, шаби лайлатул қадр, шаби қадр, шаби лайлатуль кадр 2025 маълумот, Шеър дар васфи Шаби Лайлатул қадр оварда мешавад.

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат медонанд ва он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад, дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Дар он шаб аввалин маротиба панҷ ояти сураи Алақ нозил шудааст. Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.

Фазилати шаби қадр дар Қуръон
Худованд мефармояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ. وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ. لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ. تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ. سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ

«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст:

  1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст,
  2. он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад,
  3. фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва
  4. он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост.

Шабест, ки дар он ҷаш¬ни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаро-нидаанд, бояд бештар бикӯшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пӯшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.

Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рӯзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истиқболам омад бахти пирӯз.
Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз наврӯз!


Фазилати шаби қадр дар аҳодис

Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷӯст.

Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон биҷӯед». Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мӯъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

Шаби кадр


Шеър дар васфи шаби Кадр

Дили бедор, пур аз савту салоӣ имшаб,
Ҳама тасбеҳу таровеҳу дуъоӣ имшаб.

Ҳар чӣ аз моҳ бикоҳад, ба ту меафзояд,
Ҳама нурию сурурию зиёӣ имшаб.

Эй фалак, бо Зуҳалу Зуҳраву Хуршед маноз,
Бо ҳама дору мадорат ту зи моӣ имшаб.

Накунад, ки ба дилат ғусса биёбад роҳе,
Ки ба тазмини Ҳақ аз ғусса раҳоӣ имшаб.

Ба сарои ту фуруд омада мурғони ҷинон,*
Ҳайф бошад, ту пари ҷон накушоӣ имшаб.

Чӣ шабе ҳаст, ки беҳтар зи ҳазорон моҳ аст,
Кӯш, то қисмати худро бирабоӣ имшаб.

Гар ту ҳам сӯхтаӣ, бо кафи хокистари шаб
Занг аз ойинаи дил бизудоӣ имшаб.

Банӣ Одам, банӣ Одам, банӣ Одам! Ба худ ой,
Ба Худо, ки ту на шоҳӣ, на гадоӣ имшаб.

Бар сари суфраи ифтор чу кафтор мабош,
Боадаб бош, ки меҳмони Худоӣ имшаб.

Қадри худ гар нашиносӣ, кӣ шиносад қадрат,
Ҳукм бар хеш бикун, ҳукмравоӣ имшаб.

Бо Худо бошу ба худ бош, ки ин ҷамъиятест
Баҳри ту кофӣ, ар аз ҷумла ҷудоӣ имшаб.

Бо Худо бошу ба худ бош, ки ин салтанатест,
Ки туаш бар сари авранг биёӣ имшаб.

Рамазоно, на агар хидмати мо лоиқ буд,
Лаб ба шиква бари Довар накушоӣ имшаб.*

Рамазоно, ту маҳи мағфирату марҳаматӣ,
Кист, донад ба чӣ авсоф фазоӣ имшаб.

Ба ҳилолат, ки ба мо соз ҳақи хеш ҳалол,
Ба ҳилолат, зи сари сидқ бароӣ имшаб…

Дили бедор, зиҳӣ давлату иқбол туро,
Ки саломию дурудию салоӣ имшаб.*

(Рустами Ваҳҳоб)

*. Ишора ба ояи каримаи «Таназаллул малоикату варруҳу фиҳо би изни Раббҳим мин кулли амр». (Ва дар он шаб фуруд омаданд фариштаҳо ва Руҳ ба изни Парвардигорашон барои ҳама корҳо.)

*.Ишора ба мисраъе аз тасбеҳи Рамазон: «Ло таштаки минно ъинда РаббинарРаҳмон».

*Ишора ба ояи каримаи «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр»


Шаби кадр (Лайлатул қадр)

Мақолаи қаблӣ8 март рузи Модарон – табрикот
Мақолаи баъдӣНамози шаби Кадр. Дуои шаби лайлатул кадр