Мехоҳед, зуд дар ҷойи кору фаъолиятатон обруву эътибор ба даст ореду ба Шумо итминони комил дошта бошанд? Мехоҳед , дар ҷодаи фаъолиятатон, ҷойгохи махсусро дошта бошеду Шуморо хамчун шахси фаъолу кордон шиносанд? Инчунин, дар чомеъа хоҳони дарёфти мавқеи муайяну устувор ҳастед? Зиёд кӯшиш кардеду муваффақ нашудед? Ноумед нагардед, мо ба Шумо ду роҳи ба мақсад наздик шуданро аз рӯйи ҷанбаҳои писихологӣ нишон медиҳем:

Вакте барои амалигардии мақсаде ба кор миён мебандед, худро маҷбур намоед, ба Шумо чунин эҳсосе пайдо мегардад, ки ба муваффақ шуданатон бовар пайдо кунед. Мисол, вақти иҷрои кор тасаввур кунед, ки бар ивази ин кор ояндаатон метавонад, ба куллӣ тағйир ёбад. Ояндаи дурахшонро тасаввур намоед! Дар ин ҳолат дар вуҷудатон эҳсоси самимият пайдо мегардад! Натиҷаи ин эҳсос чунин мегардад, ки Шумо коратонро зуд ва бе мондагӣ ба анҷом мерасонед ва инчунин худро хушбахт ҳис менамоед! Дар ин ҳолат Шумо устуворона ба пеш ҳаракат мекунед! Ба бовариву эҳсоси хушиҳо, амалкарди Шумо ба дигарон таъсир мерасонад! Дигарон низ ба уҳдабароиву корчалониатон бовар ҳосил карда, аз Шумо ёрӣ низ металабанд! Ҳатто, дар назди роҳбаратон обруву эътибори махсусро соҳиб шуда, мавқеи назаррасро ба даст меоред! Фаромуш насозед! Якум роҳ эхсоси самимияту боварӣ!
Баъзеҳо бо вуҷуди кордонӣ обруву эътибореро соҳиб шуда наметавонанд! Инро сабаб ду чиз аст: якум, онҳо ба худ ғарра шуда, ҳурмату эътибори ҳамкорону дигар атрофиёнро сарфи назар менамоянд! Дуюм,ба хатову иштибоҳи худ бо вуҷуди маълум гаштан ба ҳама иқрор намегарданд! Шумо баръакс бошед! Ба ҳама як бошеду ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо оред (Охир, Шумо бо ин на онҳорр балки худро эҳтиром мекунед!) Бо ҳамкорону роҳбаратон босамимият сухан ронеду аз доираи одоб берун набароед! Пеш аз оне ки дар бораи хатову иштибоҳатон сухан ронда, ба роҳбаратон маълум кунанд, Шумо пешдастӣ карда, боҷуръатона, худ иқрор шавед! Дар ин ҳолат, натанҳо бахшида мегардед, балки иштибоҳатонро ҳамон лаҳза фаромӯш месозанду бароятон эҳтироми зиёд гузошта, Шуморо ҳамчун шахси хирадманд мешиносанд (зеро хатои худро эътироф кардан худ як нишонаи хирадмандист!)
Агар ин усулҳоро истифода баред, мо бо боварии комил гуфта метавонем: “Шумо алаккай муваффақ шудед!”
Худро озмуда бинед, аз натиҷааш ба мо нависед!
Раҷабгул Бобоева



Бехтариг