Шартхои вочиб шудани намоз (шархи Чоркитоб)
1- Ислом, яъне мусулмон будан ё пазируфтани дини мубини ислом. Дар мавзӯъи шарт будани ислом барои воҷиб шудани намоз метавон ривояти Ибни Аббос (р.з)-ро қарор дод, ки дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин гуфтааст:
“عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بَعَثَ مُعَاذًا رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ إِلَى اليَمَنِ، فَقَالَ:ادْعُهُمْ إِلَى شَهَادَةِ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَأَنِّي رَسُولُ اللَّهِ، فَإِنْ هُمْ أَطَاعُوا لِذَلِكَ، فَأَعْلِمْهُمْ أَنَّ اللَّهَ قَدِ افْتَرَضَ عَلَيْهِمْ خَمْسَ صَلَوَاتٍ فِي كُلِّ يَوْمٍ وَلَيْلَةٍ، فَإِنْ هُمْ أَطَاعُوا لِذَلِكَ، فَأَعْلِمْهُمْ أَنَّ اللَّهَ افْتَرَضَ عَلَيْهِمْ صَدَقَةً فِي أَمْوَالِهِمْ تُؤْخَذُ مِنْ أَغْنِيَائِهِمْ وَتُرَدُّ عَلَى فُقَرَائِهِمْ”. (كذا في صحيح البخاري -2/ 104/ 1395 )
“Ҳангоме Пайғамбар (с) ҳазрати Муъоз разияллоҳу анҳуро ба Яман барои даъвати онҳо ба ислом фиристод ба вай гуфт: Онҳоро барои шаҳодат додан бар ягонагии Аллоҳ таоло ва гувоҳӣ додан ба пайғамбарии ман даъват намо. Пас агар итоъат карданд ва гувоҳӣ доданро пазируфтанд хабардорашон бикун, ки Аллоҳ таоло бар онҳо ҳар рӯз гузоридани панҷ вақт намозро фарз гардонида аст. Пас агар итоъат карданд ва пазируфтанд хабардорашон бикун, ки Аллоҳ таоло бар онҳо закоти аз молашонро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда ва бар фақиронашон дода мешавад”.
Пайғамбар (с) баъди пазируфтани шаҳодат гузоридани намозро зикр кардааст, зеро то аз аҳли шаҳодат нашаванд гузоридани намоз барояшон на воҷиб аст ва на ҳеҷ фоидае дорад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 23 сураи “Фурқон” Аллоҳ таоло чунин хабар додааст:
{وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا} )الفرقان: 23(
“Қасди амалҳояшон кардем ва онҳоро амали бар бод рафтае гардонидем”.
Баъзеҳо исломро шарти вуҷуби намоз нагуфта, балки шарти адои намоз гуфтаанд.
2-Ақлу хирад, яъне девона ва аз ақл бегона набудан, чун намоз ибодат аст ва ибодат бар уҳдаи девонаҳо ва ақлашон фалаҷ будаҳо воҷиб нест.
3- Балоғат, ки иҳтилом, яъне хоб дидану манӣ фуруд омадан нишонаи ба балоғат расидани наврасон аст ва аксари муддати он понздаҳ солагист. Бар уҳдаи ноболиғ намоз ва ҳеҷ ибодати дигаре воҷиб нест, гарчанде мутобиқи суннат аз ҳафтсолагӣ бояд намозро таълим бигирад ва намоз бихонад.
Далели воҷиб нашудани намоз бар девонагон ва ноболиғон ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади саҳеҳ ҳаст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عَنْ عَائِشَةَ،عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: “رُفِعَ الْقَلَمُ عَنْ ثَلَاثَةٍ:عَنِ النَّائِمِ حَتَّى يَسْتَيْقِظَ، وَعَنِ الصَّغِيرِ حَتَّى يَحْتَلِمَ، وَعَنِ الْمَجْنُونِ حَتَّى يَعْقِلَ ” وَقَدْ قَالَ حَمَّادٌ: أَيْضًا وَعَنِ الْمَعْتُوهِ حَتَّى يَعْقِلَ”. (كذا في سنن الدارمي -3/ 1477- 2342 – وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح).
“Қалам (яъне фарзияти ибодат) аз се нафар бардошта шудааст; аз шахси хоб то бедор шуданаш ва аз ноболиғ то ба балоғат расиданаш ва аз девона то шифо ёфтану ақли солим ҳосил карданаш”.
4-Пок будани занон аз хӯни ҳайз ва нифос. Намоз бар занон дар ҳолати ҳайз, яъне дар рӯзҳои хӯни моҳёнаашон ва дар ҳолати нифос, яъне дар рӯзҳои хӯни баъд аз таввалуди фарзанд медидаашон фарз нест. Аз ҳамин ҷиҳат намозҳои дар ин рӯзҳо фавтшударо баъди пок шуданашон қазо намедоранд, вале рӯзаву закот ва бақияи ибодатҳои фарзу воҷиб буда дар ҳолати ҳайзу нифос ҳам фарз боқӣ мемонанд, гарчанде дар чунин ҳолат рӯза гирифтан барояшон ҷоиз намебошад ва рӯза бигирад дуруст намешавад. Рӯзаҳои дар рӯзҳои ҳайзу нифос фавтшударо баъди пок шуданашон қазо медоранд.
Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) ба занон чунин гуфтааст:
“أَلَيْسَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ وَلَمْ تَصُمْ؟ قُلْنَ: بَلَى..”.(كذافي صحيح البخاري -1/ 68 عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ)،
“Оё чунин нест, ки зан чун ҳайз бубинад намоз намехонад ва рӯза намегирад? Занон гуфтанд:Бале, чунин аст”.
Чуноне гузашт ҳайзу нифос монеъи воҷиб шудани намоз мебошанд, вале монеъи воҷиб шудани рӯза намебошанд. Модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” чунин гуфтааст:
«كَانَ يُصِيبُنَا ذَلِكَ، فَنُؤْمَرُ بِقَضَاءِ الصَّوْمِ، وَلَا نُؤْمَرُ بِقَضَاءِ الصَّلَاةِ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 265/ 69 – 335 عن عائشة رضي الله عنها)
“Замони ҳайз диданамон ба мо дастур дода мешуд, ки рӯзҳои ба сабаби ҳайз фавтшудаи рӯзаамонро қазо бидорем, вале барои қазо доштани намозҳои аз ҷиҳати ҳайз фавтшуда амр карда намешудем”.


