Якчанд шеър дар бораи Бахор, Баҳор шеърхо, Шеърҳо дар васфи Баҳор барои шумо дар ин саҳифа >>
Шеърҳо дар васфи Баҳор
Омад баҳори дилкашу гулҳои тар шукуфт,
Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.
Дил аз сабоҳати руҳи хубат кушода шуд,
Монанди ғунчае, ки ба вақти саҳар шукуфт.
Соқӣ, баҳор шуд, қадаҳам рез лаб ба лаб,
Хоса, кӣ аз шукуфа чаман сар ба сар шукуфт.
Фонӣ
БА БАҲОРИ НАВ РАСИДАМ…
Ба баҳорӣ нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,
Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям.
Ба хумори ишқ шодам, ки маро ба ман нишон дод,
Ба хумори дил расидам, зи хумор шукр гӯям.
Зи шарори хандаи гул, ба дилам шарора афтод,
Зи дили шарораборам, зи шарор шукр гӯям.
Ғазали ҳазор бошад, зи ҳазор ҷилваи гул,
Зи ҳазор хандаи ӯ, дуҳазор шукр гӯям.
Чу шавад шукуфаборон, ба сару ба дӯши ёрон,
Зи хазон кунам фаромӯш, зи баҳор шукр гӯям.
Лоиқ
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур