Шеър дар васфи Баҳор, шеърхо дар васфи Бахор аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо! Бахор шеър, шеърхо барои бахор ва Навруз!

АРӮСИ БАҲОР
Насими форам аз Варзоб хезад,
Ба рӯи шаҳр мушку атр безад,
Саҳар аз домани худ файз резад,
Зи авҷи равшаноӣ шаб гурезад.
Душанбе дар канори кӯҳсор аст,
Арӯси нозанини навбаҳор аст.
Дилоро пойтахти тоҷикон аст,
Ба даври безаволи мо ҷавон аст,
Бад-ин фархундагӣ зеби ҷаҳон аст,
Тароватбахши шеъру достон аст.
Душанбе дар канори кӯҳсор аст,
Арӯси нозанини навбаҳор аст.
Дар оғӯшаш саноатҳо фаровон,
Занад фаввора нури илму ирфон,
Бувад сарчашмаи эҷодкорон,
Зи номи ӯ бинозад Тоҷикистон.
Душанбе дар канори кӯҳсор аст,
Арӯси нозанини навбаҳор аст.
Боқӣ Раҳимзода


