Шеър дар васфи Қуръони карим

0

Шеър дар васфи Куръони карим.

Нест қалбе, ки зи нури ту фурузон нашавад,
Нарм гардидаву аз торикӣ дармон нашавад.

Гарчӣ дар чашмаи чашмон дигар об намонд,
Нест чашме, ки ҳақиқат дида гирён нашавад.

Аҳли тадбиру хирад чора биандешад лек,
Нест ақле, ки зи тадбири ту ҳайрон нашавад.

Карда таъриф Худо ҷумла мафосиду салоҳ,
Огаҳӣ дод, ба ҳар банда ки нодон нашавад.

Аз гиреҳи мушкили даҳр басе уқда кушод,
Нест мушкил, ки ба гуфтори ту осон нашавад.

Сирри ин олами вайрона ба ҳар сафҳаи туст,
Қиммат он амри Илоҳист, ки арзон нашавад.

Ай Ғанизода махур ғуссаи ҳиҷрону фироқ,
Бо амал нест касе васл ба Ҷонон нашавад.


Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ – 27.04.2022

Мақолаи қаблӣ27 июн Рузи Вахдати милли (иншо)