Як ҳикояи хурде оиди он ки оё «Ҷумъа муборак» – Чумъа муборак (Жума муборак) гуфтан дуруст аст? Хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед >>
Ба дарвеше гуфтанд:
– Ҷумъа ба хайр бод!
Гуфт:
– Рӯзи ҷумъа худ ба хайр аст.
Баъд:
– Ҷумъа муборак бод – гуфтанд.
Ӯ бошад:
– Ҷумъа худ рӯзи муборак аст – гуфта ҷавоб дод.
Аз ӯ пурсиданд:
– Пас чӣ гӯем?
Дарвеш гуфт:
– Хайр ва баракоти рӯзи ҷумъа насибат бод гӯед.
Хайр ва баракоти ҷумъа насибатон бод!
Таҳияи Озод Ҳодизода