Сигоркашӣ. Чанд далели зарурати партофтани он

0

Сигоркаши ба саломати зиён дорад

1.  Баъди се рӯз дар шуш пардаи мӯякдор барқарор мегардад. Сигоркашӣ мижгончаҳои ниҳоят хурдро, ки роҳҳои нафасро тоза мекунанд, нобуд месозад. Хушбахтона, ин мижгончаҳо барқароршавандаанд. Албатта, агар дигар сигор накашед.

2.  Фишори хун баъди як ҳафта паст шудан мегирад ва хавфи сактаи майна, бемориҳои дил ва гурдаро кам мекунад.

3.  Пас аз ду ҳафтаи тарки сигор сулфа гум мешавад. Он дарҳол аз байн намеравад, чунки ба шушатон барои хориҷсозии моддаҳои зарарноки дар он ҷамъшуда вақт лозим аст.

4.  Баъди ду ҳафта гардиши хун барқарор мешавад.

5.  Се моҳ, ки гузашт, пажмурдагӣ ва хушкии пӯст, инчунин пӯстпартоӣ ва ожангҳо бартараф мегарданд.

6.  Агар дар тӯли сол шумо ягон дона сигор накашида бошед, нишонаи маъмултарин сигоркашӣ – зардии ангушту нохун меравад.

Таҳияи Х.ҶОВИД

Мақолаи қаблӣДарахти нон: дар бораи он чиро медонед?
Мақолаи баъдӣХаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои