Синну соли ба балогат расидан

0

Синни балоғат кай аст? Дар чандсолагӣ духтар ё писар ба балоғат мерасанд? Нишонаҳои ба балоғат расидан кадомҳоянд? Ҷавоб ба ҳамаи ин саволҳо дар ин мақолаи www.DONISH.su >>

Булуғ ва ё балоғат дар назди фақеҳон бо панҷ чиз ва ё аломат собит мешавад, ки се чизи он дар миёни духтарону писарон муштарак мебошанд ва ду аломати он танҳо ба занон хосанд:

  1. эҳтилом шудан;
  2. рӯидани мӯи зери ноф;
  3. ҳайз дидан;
  4. ҳомила шудан;
  5. ба синни балоғат расидан.

Хайз дидан ва ё ҳомила шудани духтарон аломати ба балоғат расидани онҳо мебошад ва дар ин амр дар байни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд надорад.

Эҳтилом шудан низ яке аз аломатҳои дигари ба балоғат расидани ҷавонони дар синни рушд духтар ва писар ҳар ду мебошад ва дар он низ ҳеҷ гуна ихтилофи фиқҳие вуҷуд надорад.

Аммо дар бораи рӯидани мӯи зери ноф, ки оё бо он ба балоғат расидани шахс собит мешавад ё не, дар миёни фуқаҳои уммат ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Ба қавли имом Молик (рҳ), имом Аҳмад (рҳ) ва дар як қавл аз имом Шофеи (рҳ) он аломати булуғ ба шумор меравад, вале дар назди имом Абӯҳанифа (рҳ) бо он шаръан чизе собит намешавад, яъне он аломати ба балоғат расидани навҷавон ба шумор намеравад.

Вақте ҳеҷ кадоме аз чаҳор аломати собитсозандаи ҳукми балоғат:

  1. эҳтилом шудан;
  2. ҳайз дидан;
  3. ҳомила гардидан;
  4. рӯидани мӯи зери ноф.

(дар назди ҷумҳури имомон ғайр аз Абӯҳанифа (рҳ)) дар шахс дида нашавад, он гоҳ ҳукми балоғати ӯ аз назари синну сол муайян сохта мешавад.

Синни балоғат барои духтару писар дар назди имом Молик (рҳ), имом Абӯҳанифа (рҳ) ва дигар фақеҳон ҳабдаҳсолагӣ мебошад ва дар ривояти машҳур аз Абӯҳанифа (рҳ) нуздаҳсолаги аст.

Дар назди имом Авзоъи (рҳ), имом Шофеъи (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ) бошад, балоғат барои ҳар ду ҷинс дар синни понздаҳсолагӣ собит мешавад. Зеро расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Умарро барои иштирок дар ҷиҳод дар ҷанги Хандақ дар синни понздаҳсолагӣ иҷозат дод, дар ҳоле ки ӯро дар ҷанги Уҳуд (як сол пеш), ки ҳанӯз чаҳордаҳсола буд, иҷозат надод.

Ваҳба Зуҳайли, Тафсири Алмунир. – ҷ. 2. – С. 590.


Балоғат дар назди Имомайн (имом Абӯюсуф (рҳ) ва имом Муҳаммад (рҳ) ва дар як қавле аз имом Абӯҳанифа (рҳ) барои духтару писар ҳар ду дар синни понздаҳсолагӣ собит мешавад ва дар мазҳаби мо фатво ба қавли онҳост.

Ҳидояи шариф – Ҷ. 6. – С. 451

Фатҳулқадир. – Ҷ. 9. – С. 276

Раддулмӯҳтор. – Ҷ. 9. – С. 260.

Шоёни зикр аст, ки бар асоси назароти машоихи мазҳаб барои зарфи умумии балоғат марҳалаи синнусолие муайян шудааст, ки марзи поёнии он барои писар синни дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар нӯҳсолагӣ ва марзи болои он барои писар синни ҳаждаҳсолагӣ ва барои духтар ҳабдаҳсолагӣ ба шумор меравад.

Ба ин маъно, ки балоғат ба таври умуми метавонад дар писарон аз синни дувоздаҳсолагӣ ва дар духтарон аз синни нӯҳсолагӣ шурӯъ гардад ва дар баъзе афрод давраи қабл аз булуғ то синни ҳабдаҳ ва ҳаждаҳ идома ёбад.

Ҳидояи шариф. – Ҷ. 6. – С. 452.

Зеро бар асоси минтақаҳои ҷуғрофӣ, шароити иҷтимоӣ ва ҳамчунин хусусиятҳои фардӣ ва физиологии ашхоси гуногун давраи расиш ва синну соли балоғат дар ҳар шахсе аз шахси дигар фарқ мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин тафовутҳо фақеҳони киром барои марҳалаи умумии синну соли балоғат зарфи замониеро бо таъйини ҳадди поёни ва болоии он дар назар гирифтаанд.

Аз он ҷо, ки ҷинси зан нисбат ба мард тезтар ба балоғат мерасад, синни умумии балоғат барои духтарон дар ҳадди поёни се сол ва дар ҳадди болои як сол пештар нисбат ба синни умумии балоғат барои писарон пешбини шудааст.

Шабакаи телеграмии Ҳидояти Занон


Мақолаи қаблӣЯкҷоя хурдани ин хурокҳо хатарнок аст
Мақолаи баъдӣ35 далел ва маълумотҳои ҷолиб аз Паёмбар Муҳаммад (ﷺ)