Беҳтарин неъмате, ки ба одам дода шудааст чист?

0

Ҳабиб Ҷаллоб мегӯяд аз Абдуллоҳ ибн Муборак пурсидам:

Беҳтарин неъмате, ки ба одам дода шудааст чист?

Гуфт:

-Ақл.

Гуфтам:

-Агар набошад.

Гуфт:

-Одоб.

Гуфтам:

-Агар набошад.

Гуфт:

– Меҳрубон ва бародари машваратгӯй.

Гуфтам:

-Агар набошад.

Гуфт:

-Сукути бардавом доштан.

Гуфтам:

-Агар набошад.

Гуфт:

-Зудтар аз дунё реҳлат кардан.


Аз “Тазҳиб-ус-сайр”

Маҳрам кист? Номаҳрам кист?

Мақолаи қаблӣИбни Сино, карантин ва ниқоб
Мақолаи баъдӣСе амале ки одамро солим ва умрро дароз мекунанд