Нарак (acne) дар руй ва халос шудан аз он

0

Сабабҳои пайдоиши нарак (acne) – нараки руй ва халос шудан аз он. Нарак дар руй, доначахо дар руй.

Нарак ба забони англисӣ acne мешавад, ин бемории пусти буда маъмулан дар замони балоғат шурӯъ мешавад.

Сабаби асосии ин бемори ба балоғат расидан аст, чун дар ин замон шаҳвати инсон шурӯъ ба афзоиш мекунад ва аз бадан чарби (равған) ҳосил шуда аз бадан сар мебарорад.

Сабабҳои дигар:

-Арақ кардани зиёд

-Хурдани хурокҳое, ки калорияи (ғизоноки) онҳо зиёд аст.

-Хоридани пуст.

-Норасои витамини E ва А

-Донагиҳо


Чигуна аз (нарак) ин бемори халос шавем?

Ин бемориро метавон дармон кард аммо барои беҳбудии он ниёз ба замони зиёде аст.

Биёре аз одамон вақте ки дар рӯяшон наракро мебинанд дарҳол онро мекафонанд ва ин кор мумкин аст боис шавад то пайи он дар руй доимӣ монад.

Духтурони пуст тавсия медиҳанд барои кафондани нарак, ки нуги сузанро дар спирт тар карда як сурохи майда дар он эҷод кунанд, баъдан зардоби онро хориҷ кунан.

Тавсияҳои дигар:

-Дар як рӯз ду маротиба руйро бо собун шуед.

-Хурокҳои гуштиро камтар истеъмол кунед.

-Варзиш кунед.

-Асал ва оби лимонро якҷоя карда ба ҷойҳое, ки нарак ҳаст молед.


Аз шабакаи Hamsarona

 


Инчунин хонед >>

Мақолаи қаблӣСабаби кам шудани шир дар модар
Мақолаи баъдӣТарҷумаи чанд ҷумлаи занҳо (шухиҳои тоҷикона)