Тафсири Сураи Сод Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 10
اَمۡ لَهُمۡ مُّلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا فَلۡيَرۡتَقُوۡا فِى الۡاَسۡبَابِ ١٠
Ам лаҳум-м мулку-с-самавати ва-л-арЗи ва ма байнаҳума. Фал яртақу фи-л-асбаб. 10.
10. Оё подшоҳии осмонҳо ва Замин ва он чӣ дар миёни онҳост, азони онҳост? (Агар чунин бошад) пас, бояд, ки ба василаи каманд (сабаб)-ҳо боло раванд (,бар касе ки мехоҳанд ваҳйи илоҳиро бар ӯ нозил кунанд).
Интихоби пайғамбарӣ, фиристодани ваҳй ва китоби Қуръон хос ба Муҳаммад (с) аст. Ин ҳама аз хазинаҳои раҳмати Парвардигори ғолибу бахшояндаи меҳрубон маншаъ мегирад. Аллоҳтаъоло зимни оятҳои мазкур мушриконеро, ки пайғамбарии Муҳаммад (с)-ро инкор доранд, рад намуда мефармояд, ки ин мушриконро кӣ ҳуқуқ додааст, ки ба Аллоҳ чуну чаро кунанд ва расули фиристодаи Ӯро инкор созанд? Онҳо назди худ чӣ доранд, ки ба гуфтани чунин суханон ҷуръат мекунанд? Ё магар мушрикон хазинаҳои раҳмати Парвардигори ҳидоятгарро соҳибу шариканд, ҳар касро хоҳанд, унвони пайғамбарӣ медиҳанд, касеро хоҳанд не? Ҳеҷгоҳ чунин Қудрат надоранд, пас чаро эътироз баён мекунанд? Ё онҳо дар осмонҳо, замин ва байни онҳо подшоҳӣ доранд? Агар чунин аст, пас каманд партофта, ба василаи он ба осмон раванд. Болои Арш шаванд. Ваҳйи ба Муҳаммад (с) фиристодашударо манъ созанд. Осмону замину низоми оламро ба тасарруфи худ дароранд. Бар касе хоҳанд, ваҳйро нозил кунанд. Маълум, ки он беҳаёҳо ба ин кор Қудрат надоранд, оҷизтарин ва заъифтарин халқи Аллоҳанд, пас сабаб чист, ки ба кори Аллоҳ мудохала менамоянд? Ё ба ин рафторашон алайҳи Аллоҳ лашкар ҷамъ карданӣ ҳастанд? Агар чунин аст, он ҳама…
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «