Сураи Сод Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 12

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوۡحٍ وَّعَادٌ وَّفِرۡعَوۡنُ ذُو الۡاَوۡتَادِۙ ١٢

Каззабат Қаблаҳум Қавму Нуҳи-в ва Ъаду-в ва Фиръавну зу-л автад. 12.

12. Пеш аз онҳо Қавми Нӯҳ, Од ва Фиръавни соҳиби мехҳо пайғамбаронро дурӯғ пиндоштанд.

Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур мефармояд, ки аз ҷумлаи он ҳалокшудагон Қавми Нӯҳ (а) буд. Пеш аз куффори Қурайш онҳо фиристодаи Аллоҳ, яъне Нӯҳ (а)-ро инкор намудаанд. Инчунин Қавми Од ва Фиръавни соҳиби мехҳо. Фиръавни бадбахтро одат ин буд, ки чун касеро азоб доданӣ мешуд, ӯро ба чаҳор мех баста, азоб медод ё шояд мурод аз «мехҳо» ҳарамҳо (пирамидаҳо) ва биноҳои азими ӯ бошанд, ки чун мехҳо дар замин то ҳол собитанд. Боз Қиссаи Фиръавн дар сураи «Фаҷр», иншоаллоҳ, хеле ба тафсил баён хоҳад шуд. Хабари ингуна Қавмҳои тоғию ҳалокшударо ояти зер, давом додааст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)