Созгорӣ (дар оила, Розхои оиладори)

0

Созгорӣ (дар оила, Розҳои оиладорӣ)


Оилаи мусулмон, исламская семья

Мушкилоту душвориҳои зиндагӣ хеле бисёр аст. Касе нест, ки чархи фалак пурра бар хоставу муродаш бичархаду сад дар сад аз ҳаёт розӣ ва аслан дарди диле надошта бошад. Лекин бархе аз мардум бо саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд барои мушкилоти қобили илоҷ чораҷӯйӣ мекунанд, аммо гурӯҳи дигар он қадар қудрату ирода ва матонат надоранд ва ба шикояту оҳу нола одат кардаанд. Ба ҳар касе рӯбарӯ шаванд, баҳудаву беҳуда ба дарди дил кардан шурӯъ мекунанд.

Беҳтар нест, ки бурдбору оқил ва сабуру қавиирода бошем? Вақте дар бари ҳамсарамон ҳастем, гирифториҳо ва масъалаҳои ҳалталаби рӯзгорро муваққатан ба гӯшаи фаромӯшӣ бисупорем ва дар дили хеш ба мушкилиҳои рӯзгор бихандему лаб ба шикояту дарди дил накӯшоем? Ғаме дар дили хонавода нагузорем?  

Имкониятҳои молӣ ва даромадҳои ҳама якхела нест. Ҳама наметавонанд дар як сатҳ зиндагияшонро ба роҳ монанд. Ҳар як хонавода бояд ҳисоби даромаду харҷи худашонро бикунанд. Инсон ба ҳар тарзе метавонад, зиндагӣ намояд. Яъне, рӯзи одам ба як лаби нон ҳам мегузарад. Аз рӯи ақл нест, ки барои таҳияи молҳои ғайризарурӣ даст ба қарзу қавола ва нася бизанем. Даромаду баромадро ҳисоб карда, ҳар як дирамро аз харҷи беҳуда нигаҳ дорем.

Барои обрӯи якрӯзаву чандсоата, тамоми буду шуди бисотамонро ба боди фано насупорем, яъне, пулҳои «бо нӯки сӯзан ҷамъ кардаамонро бо шохӣ ба бод надиҳем». Оқибатандеш бошем, ҳавасҳои беҳудаву беҷоро канор бигузорем. Меҳмондориҳои бошукӯҳу тумтароқро оҳиста-оҳиста аз байн бибарем. Оё беҳтар нест, аз рӯи масали «мурғак хӯрӣ як рӯз, тухмак хӯрӣ ҳар рӯз», амал карда, дар фикри оянда бошем ва барои рӯзи мабодо пасандозе ҳам дошта бошем? Магар хушбахтиву саодат ва осоиш танҳо дар доштани мошинҳои гаронқиммату либосҳои мӯди охирин, зару зеварҳои қимматбаҳо, телевизору яхдонҳои навъҳои ҷадид аст? Албатта, не! Ба зиндагии дигарон бояд коре надошта бошем. «Нимтаи нон – роҳати ҷон» гуфта, тибқи даромадамон харҷ намоем.

www.donish.su

Дар харидҳои рӯзона сарфаҷӯйӣ намоем, то вазъи молии оилаамон рӯ ба беҳбудӣ биёраду зиндагии обрӯмандонае дошта бошем. Шояд дар ояндаи наздик битавонем ба хостаҳои диламон бирасем. Ҳатто, агар ҳамсарамон харидҳои беҳуда мекунаду беш аз тавоноии хеш харҷ мекунад, пеши роҳашро гирифта, нагузорем барои хариди ашёҳои нодаркор қарз бигирад ё ба таври қарз-«кредит» моле бихарад. Ба ҷои харидани ашёи зебу зиннату ғайризарурӣ асбобҳои зарурии манзилро таҳия кунем, як миқдор маблағ ҳам барои ҳодисаҳои эҳтимолие, ки хоҳ нохоҳ рух медиҳанд, дар даст дошта бошему то охирин дирам харид накунем.

Чӣ хеле мегӯянд: «ҳеҷ зоғе бедоғ нест», яъне, касе дар ин дунёи беканор бе гирифториву мушкилӣ ва бе дарди дил нест. Ҳама барои худ як масъалаву дармондагие доранд. Агар мехоҳем, ҳамсарамон ғамхору маҳрами розҳоямон бошад, бояд гирифториҳои хешро барояш фаҳмонем. Ҳисси раҳму шафқаташро бедор кунем ва ба ин восита ғаме аз дили худ кам карда, оромиши хотир ба даст оварем. Чунки мусаллам аст, ки инсон сирри дилро ба пуррагӣ наметавонад, тамоми умр ифшо накунад. Зеро оқибатҳои нохуше ба саломатӣ дорад.

Ва гузашта аз ин шояд нафаре бо маслиҳати хубе ба шумо кумак кунад. Лекин «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад». Барои дарди дил кардан низ мавқеияти муносиб лозим аст. Дар ҳар ҷову ҳар замон ва дар ҳар шароите набояд шикоятро сар кунем. Инсонҳое, ки аз рамзҳои оиладорӣ огоҳ нестанд, он қадар қуввату тоқат надоранд, ки дар мушкилоти зиндагӣ сабру таҳаммулро пешаи худ қарор диҳанд ва дарди дилу шиква карданро то ягон замони муносибтаре ба таъхир андозанд. Ҳангоме ки ҳамсари бечораи мо бо тани афгору хаста ва асабҳои мондаву нороҳат мехоҳад, лаҳзае биосояд, бо шикоятҳову гилагузориҳои мо рӯбарӯ мешавад. Ин расми хуби оиладорӣ нест. Шояд ӯ аз сари субҳ бо садҳо гирифториву мушкилиҳо бархӯрдааст, ки мо тобу тоқати яке аз онҳоро надорем.

www.donish.su

Аз рӯҳи пажмӯрдаву асабҳои хастаи ӯ хабар надорем. Акнун мехоҳад, даме истироҳат кунад, ба ҷои ин ки ғаме аз дилашро зиёд кунем, бояд оромишашро барҳам назанем. Каме инсоф ҳам доштан даркор. Қадре ҳам ба фикри ӯ бошем. Дар ин ҳол ӯ ҷуз инҳо чорае надорад, ки ё доду фарёдро ба роҳ биандозад, то аз шикоятҳои беҷову захми забонҳои мо наҷот пайдо кунад, ё аз хона фирор карда, ба ҷои дигар ва ё каси дигаре паноҳ биёрад ва ҳоказо. Агар хонаводаву оилаамонро сидқан дӯст дорем, бояд аз зикри воқеаҳову ҳодисаҳои майда-чайда ва ғайризарурӣ худдорӣ намоем. Бо ғур-ғурҳои доимӣ асабҳои ҳамсарамонро хаста накунем. Бигзор барои худаш ҳам камтар вақт дошта бошад, зеро бе ин ҳам дарди сараш зиёд аст.

Зиндагӣ барои ҳар оила ба гунае сахтии худро нишон медиҳад ва ҳар яке аз аъзои хонавода бо садҳо мушкилӣ бархӯрд мекунанд. Гирифториҳо якто-дуто нестанд. Дар зиндагии рӯзмарра инсон бо ҳодисаҳои бисёре дучор мешавад. Онҳо ҳам на як бору ду бор, балки доимо ва пайвастаанд. Камтар иттифоқ меафтад, ки рӯзе як нороҳатии тозае пеш наояд. Охир асабҳои як нафар чӣ қадар метавонад, мушкилиҳову нороҳатиҳоро таҳаммул кунад?! Инсон дар ин гуна ҳолатҳо эҳтиёҷи шадиде дорад, ба як шахси дилсӯзу меҳрубоне, ки дилбардорияш кунаду рӯҳбаландаш созад. Бояд бовар бар ин дошта бошем, ҳамсари мо ғайр аз мо ғамхору дилсӯзе надорад.

Эҳсоси бекасиву танҳоӣ мекунад. Аз мушкилиҳо фирор намуда, ба мо паноҳ меоварад ва ба дилҷӯиҳои мо ниёзманд аст. Агар дидем, ки табъи гирифтае дораду осори нороҳатиро дар чеҳрааш мушоҳида намудем, салому истиқболамонро аз ҳаррӯза гармтару самимитар намоем, асбоби истироҳати ӯро зуд фароҳам кунем. Дар бораи мавзӯъҳои дигар аслан суҳбат накунем, аз ҳама хубаш даҳон накушоем. Эрод нагирем, чизе талаб накунем, аз кору масъалаҳои худамон шикояту дарди дил накунем.

www.donish.su

Бигузорем хуб истироҳат карда, дам гирад, агар гурусна аст, сер шавад, агар хунук хӯрдааст, гарм шавад, каме ба худ биёяд. Он гоҳ, ки хастагияш бартараф шуду асабаш ором гашт, бо забони хуш сабаби нороҳатиашро бипурсем.

Агар дидем, боз ҳам майл надорад суҳбат кунад, исрору маҷбураш накунем, аммо, агар ба нақлу дарди дил шурӯъ кард, хуб гӯш бидиҳем, тамоми ҳушу ҳавосамонро як ҷо ҷамъ кунем. Аз хандаи беҷо қатъиян худдорӣ намоем, балки аз шунидани омилҳои нороҳатии ӯ изҳори таассуф кунем. Ба як гунае ба ӯ бифаҳмонем, ки аз ҳодисаи рухдода, беш аз ӯ андӯҳгин ҳастем. Бо изҳори муҳаббату дилсӯзӣ ба захмҳои дилаш марҳам бигузорем. Бо нармиву мулоимат дилбардорияш бикунем. Мушкилиро дар назараш кӯчаку беаҳамият ҷилва бидиҳем. Агар эҳтиёҷе ба роҳнамоӣ дорад ва роҳи наҷоте ба назарамон мерасад, нишонаш бидиҳем ва агар роҳи дурусте ба назарамон нарасид, пешниҳод кунем, бо яке аз дӯстон ё хешони оқилу хайрхоҳ машварат намояд.

Дар дунё ҳеҷ кас сад дар сад хушбахт несту чархи рӯзгор ба коми мо ҳамеша намечархад. Зиндагӣ ҳазорон нишебу фароз дорад. Мумкин аст, инсон ба бемории сахте мубтало гардад. Мумкин аст, бекору хонанишин шавад. Мумкин аст, молу сарваташро аз даст дода, бо ду дасти холӣ бимонад ва садҳо ин гуна ҳодисаҳои ногуворе, ки барои ҳама кас имкони пеш омадан дорад. Одати баъзеҳо ин аст, ки вақте аз дасти ҳамсарашон нороҳат шуданд, қаҳр мекунанд, чин бар абрӯ кашида, ҳарфе намегӯянд.

Суи Дониш – donish.su

Дар гӯшае нишаста, даст ба ҳеҷ коре намезананд. Хӯрок намехӯранд, бачаҳоро мезананд, зери лаб ғур-ғур мекунанд. Ба ақидаи онҳо қаҳру даъво беҳтарин воситаест, ки метавон ба он пойбанд шуд ва аз ҳамсар интиқом гирифт, лекин барномаи мазкур на танҳо ҳамсарро танбеҳ намекунад, балки мумкин аст, оқибатҳои бисёр баде дошта бошад. Зеро мумкин аст, ӯ низ дар муқобил мисли мо қаҳр намояд, дар ин сурат то чанд рӯз бояд бо ҳолати қаҳриву нороҳатӣ зиндагӣ кунем. Мо ғур-ғур кунем, ӯ низ ғур-ғур намояд. Мо табъи ӯро хира кунем, ӯ табъи моро хира кунад. Мо гап назанем, ӯ ҳам гап назанад, то билохира хаста шавему ба воситаи яке аз хешону дӯстон ё бо як баҳонаи дигар бо ҳам оштӣ кунем. Аммо ин охирин қаҳру даъвои мо нест, балки муддате намегузарад, ки боз аз дасти ҳам нороҳат мешавем, қаҳру даъво шурӯъ мешавад.

Мумкин аст, ҳамсарамон дар муқобили қаҳрҳои мо аксуламали шадидтаре нишон дода, кор ба дашному ҳақорат ва дастбагиребон шудан бирасад. Мумкин аст, ҳамсарамон аз ин қаҳру даъвоҳои доимии мо ба ғазаб ояд ва ҷудоиро аз ин зиндагии пурпечу пурмоҷаро афзалтар бидонад. Аз қаҳру даъво бояд қатъиян парҳез кунем, агар аз ҳамсарамон ранҷидаем, каме сабр даркор аст, то фикрҳоямон як ҷо ҷамъ шавад. Он гоҳ бо нармиву оромӣ дилозурдагиямонро бо ӯ дар миён бигузорем. Масалан, бо забони ширин, на бо нишонаи эътироз бигӯем: ту дар фалон маърака маро таҳқир кардӣ, ё фалон ҳарферо, ки ман хуш надорам ба ман гуфтӣ, ё ба фалон пешниҳоди ман амал накардӣ, оё сазовор аст, нисбат ба ман ин қадар беаҳамият бошӣ? Бо ин қабил ҳарфҳо ҳам буғзи диламон кушода мешавад, ҳам ӯ ба як хулосаи даркорӣ меояду натиҷа мегирад. Ба таври ҳатмӣ, барои ислоҳи иштибоҳаш мекӯшад. Моро ба унвони як ҳамсари бовафову хушахлоқ ва аҳли зиндагӣ мешиносад ва ҳамин эҳсоси нек дар рафтору ахлоқаш асар хоҳад гузошт.

www.donish.su

Инсонҳо маъмулан дар ҷанҷолу муноқишаҳо, як ҳолати иғвогаронаву якравона доранд, ки агар дар муқобилашон сарсахтиву гарданкашӣ нишон диҳем, мумкин аст дар асари ситезаву бадхашмӣ корамон бо ҳолатҳои ногувору фоҷиабор анҷом шавад. Бинобар ин одами оқилу хирадманд бояд оқибатҳои корашро ба хубӣ бисанҷад ва таъсири сахтгириву муқовиматро бо таъсири авфу бахшиш муқоиса кунад. Дар ин сурат аниқ авфу бахшишро авлотар медонад. Магар хатоҳои бузурге, ки қобили бахшиш набошанд, дар он сурат вазифаи дигаре пайдо мекунанд.

 Ҳар кас шуғле ва ҳар шуғле зарурияте дорад: яке ронанда аст, ки аксари умрашро дар роҳҳо паси сар мекунад ва наметавонад монанди шахсони дигар ҳар шаб ба манзил биёяд, яке посбон аст, ки баъзе шабҳо ё ҳама шаб бояд посбонӣ кунад, яке табиб аст, камтар вақти фароғат дорад бо хонаводааш биншинад ё ба сайругашт биравад, яке устод ё донишманди аҳли мутолиа аст, ки ночор аст, шабҳо мутолиа кунад ва ғайра. Хулоса, камтар шуғле ёфт мешавад, ки комилан бе дарди сару бе мушкилӣ бошад. Ғайр аз таслим шудан чорае нест, бояд корҳои дунё бичархад. Чорае нест, ғайр аз ин, ки бо мушкилот бисозем.

Одамон маъмулан ҳамсареро дӯст медоранд, ки ҳамеша дар Ватан ва дар барашон бошад. Ақаллан то намози шом дар хона бошад. Вақте ҳам барои фароғати хона ҷудо кунад, ки бо ҳам ба шабнишиниву гардиш ва сайругашту меҳмонӣ бираванд. Шуғли тозаву озода ва обрӯмандона, сердаромаду кӯтоҳмуддат дошта бошад, лекин мутаассифона, шуғли бисёриҳо бо хостаҳои ҳамсаронашон мутобиқ нест. Асли мушкилоти баъзе хонаводаҳо аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад.

www.donish.su

Табибе, ки аз субҳ то нимаҳои шаб бо даҳҳо беморҳои мухталиф сару кор дошта, асабҳову мағзи сараш пайваста машғули кор аст, агар дар хона ҳам бо эроду норозигиҳои ҳамсараш дучор шавад, чӣ ҳоле пайдо мекунад? Ва бо чунин асабҳову майнае чӣ гуна метавонад табибӣ кунад? Коргаре, ки шаб то саҳар заҳмат кашидаву тамоми шаб хоб ба чашмаш меҳмон нашудааст, субҳ, ки барои истироҳат ба манзил меояд, агар бо эроду баҳонаҷӯйиҳои ҳамсараш вохӯрад, чӣ гуна метавонад боз аз паи кораш биравад? Донишманде, ки кораш мутолиаву таҳқиқ аст, агар ҳамсари нодону бемаърифате дошта бошад, чӣ гуна метавонад дар корҳояш муваффақ гардад?

Мо наметавонем вазъияти ҷаҳонро бар тибқи хостаамон бичархонем, лекин метавонем худамонро бо вазъияти мавҷудбуда мувофиқ гардонем. Шумо ҳам метавонед, зиндагии худатонро тибқи шуғли ҳамсаратон ҳамоҳанг созед, ба тавре, ки ҳам озодона ба шуғли хеш идома диҳад ва ҳам шумо осуда зиндагӣ кунед. Бояд танҳо ба фикри худамону осоиши худамон набошем. Қадре ҳам ба фикри роҳатии ҳамсарамон ҳам бошем, донову фидокор бошем, оиладорӣ кунем, бо оғӯши бозу лаби хандон аз ҳам истиқбол кунем, изҳори меҳру муҳаббат намоем, то хастагиҳоямон бартараф гардад. Оё беҳтар нест, ки худамонро бо ин навъи зиндагӣ созгор карда, осуда зиндагӣ намоем? Агар чунин кунем асабҳояш солим мемонад. Барои камбудӣ надоштану осоиши мо бештар заҳмат мекашад.

Гоҳе инсон ночор аст, дар ғурбат зиндагӣ кунад, лекин ин тарзи зиндагӣ ба баъзеҳо маъқул нест. Дӯст медоранд назди падару модар, хешону пайвандон ва дӯстонашон бошанд. Аз ин рӯ тобу тоқати дуриро надоранд. Ҳар замон ба ҳамсарашон эроду айбҷӯйӣ мекунанд: «То кай дар ғурбату мусофирӣ зиндагӣ мекунем? То кай дар фироқи падару модар бисӯзем? Дӯсту шиносе надорам, ин чӣ ҷое аст, ки омадем? Дигар наметавонам ин ҷо бимонам, ҳар фикре дорӣ бикун.» Мо медонем, ки ҳамсарамон ночор аст, берун аз Ватан зиндагӣ кунад.

www.donish.su

Пас, чаро бо эроду баҳонаҳои бефоида асбоби нороҳативу кудураташро фароҳам месозем? Вақте дидем, ки аз рӯи зарурати шуғлаш маҷбур ҳастем, ба шаҳре ё деҳае ё кишвари дигаре сафар кунем, изҳори ризоияту мувофиқат намоем, бо дилгармиву хушҳолӣ тарҳи зиндагии навро бикашем. Вазъияти худамонро бо вазъияту шароити муҳити нав мувофиқ созем. Бо аҳолии ҷои ҷадид риштаи дӯстиву улфатро бибандем, лекин чун тозаворид ҳастем ва ба одобу ахлоқи аҳолии он ҷо шиносоӣ надорем, дар интихоби дӯстони нав эҳтиёт кунем ва дар ин бора бояд ҳатман бо ҳамсарамон машварат кунем. Худамонро як фарди ғариб ҳисоб накунем, балки сайъ кунем, бо муҳити наву сокинони онҷо аз наздик ошноӣ пайдо кунем. Агар оқилу доно бошем ва ба вазифаҳоямон хуб амал кунем, метавонем бо осоиш ва оромиши хотир дар ғурбат зиндагӣ кунем ва барои пешрафту тарақиёти оила кумаку дастгирӣ намоем.

Агар шуғли мард дар хориҷ аз манзил бошад, ҳамсараш озодии бештаре дорад, лекин агар дар манзил кор кунад, ҳамсараш бе банд баста хоҳад шуд. Мумкин аст шоир, ё нависанда, ё рассом, ё донишманди аҳли мутолиа бошад. Ин гуна одамон маъмулан маҳалли корашон хона аст. Ночоранд ҳамеша ё аксари вақтҳо дар манзил қарор дошта бошанд. Аз ҳамин ҷиҳат зиндагии онҳо бо дигарон тафовути зиёде дорад. Корашон як кори фикрию зеҳнӣ аст, ки эҳтиёҷи шадиде ба муҳити орому беғавғо доранд. Як соати кор бо хотири ҷамъ, бар чандин соати кор дар муҳити серодаму пурғавғо бартарӣ дорад. Дар ин ҷо мушкилии бузурге пайдо мешавад. Аз як тараф мард ба муҳити орому бесару садо эҳтиёҷ дорад, аз тарафи дигар зан мехоҳад дар хона озодона зиндагӣ кунаду маҳдудияте надошта бошад.

www.donish.su

Агар зан битавонад, корҳои хонадориро тавре анҷом диҳад, ки ба машғулиятҳои фикрии шавҳараш халале ворид насозад, кори арзандаеро ба поён расондааст, зани шоистае хоҳад буд, зеро таҳияи як муҳити ором кори осон нест, махсусан барои шахсони фарзанддор фидокориву тадбирро металабад. Гарчи душвор аст, вале барои муваффақияту тараққиёти марди хона зарурат дорад.

Зан бояд таваҷҷуҳ дошта бошад, ки ҳарчанд шавҳараш доимо ё аксари вақтҳо дар хона аст, лекин бекор нест. Набояд интизор дошта бошем, ҳангоме дар мезананд, дарро кушояд, фарзандҳоро нигаҳдорӣ кунад, гоҳе як ба ошхона сар халонад, дар корҳои хона ёрдам кунад. Дар ҳоле, ки мард машғули кор аст, тасаввур кунем, аслан дар хона нест, ӯро нодида бигирем. Дар вақти кораш вобаста ба корҳои рӯзгор суҳбат накунем, зеро риштаи фикрҳояш канда мешавад ва то бихоҳад дубора афкору ҳушашро ҷамъ намояд, бекор мемонаду вақти зиёдашро беҳуда аз даст медиҳад. Агар касе бо ӯ кор дошт, бигӯем: машғули кор аст, агар мумкин аст, дар фалон соат телефон кунед.

Барномаи рафтуомад ва меҳмондориро бо ҳамдигар маслиҳат карда, танзим кунем. Аз дӯстону хешон, ки қасди дидори ногаҳонӣ доранд, узрхоҳӣ намуда, бигӯем: чун шӯру мағали мо мумкин аст, бо машғулиятҳои ӯ халал расонад, хоҳишмандам фалон вақт биёед. Онҳо ҳам агар дӯстони шумо бошанд, аз ин пешниҳоди шумо намеранҷанд, балки ба кордониву ҳамсардории мо таҳсин хоҳанд гуфт. Дар айни ҳол, ки машғули кору бори хона ҳастем, ба ҳамсарамон ҳам бояд ҳусни таваҷҷуҳ дошта бошем. Шояд бонувони азиз ин гуна зиндагиро ғайриимкон шуморида, дар дил бигӯянд: Магар барои як зан имкон дорад, ки корҳои душвори хонадориро танҳо анҷом диҳад ва дар айни ҳол ба шавҳарашон расидагӣ кунад ва дар хона шароитеро муҳаё кунанд, ки ҳатто кӯчактарин халале ба машғулиятҳои ҳамсараш ворид нагардад?

www.donish.su

Албатта, ки ин гуна зиндагӣ чун як барномаи ғайриодӣ аст, душвор ба назар мерасад, лекин агар ба арзишу аҳамияти корашон огоҳ шаванду тасмим бигиранд, кӯшишу фидокорӣ кунанд, бо кордониву тадбир метавонанд мушкилро ҳал кунанд. Болаёқат будану шоистагии зан дар ин гуна мавридҳо зоҳир мешавад, вагарна аз уҳдаи идораи як зиндагии одӣ ҳама ба хубӣ мебароянд.

Падару модар барои фарзандонашон хеле ранҷ бурдаанд. Дар таҳаммули он ҳама заҳмат садҳо умеду орзу доштаанд. Умедвор будаанд, ки дар ҳоли пирию дармондагӣ дасташонро бигиранд. Сазовор нест, мо вақте ба истиқлол расидем ва андак рушду тавоноӣ дар хештан дидем, ҳуқуқи волидайнро тамоман фаромӯш кунем ва маҳву саргардони ҳамсару фарзандон бигардем. Сипосгузорӣ аз онҳо дар ҳар ҳол воҷибу лозим аст. Ҳатто, баъд аз издивоҷ ҳам бояд нисбат ба онҳо эҳсону эҳтиром намоем ва агар муҳтоҷу дармонда ҳастанд, воҷиб аст онҳоро кумаку дастгирӣ намоем. Бояд ҳамеша дар муқобилашон хоксориву фурутанӣ ва тавозуъро риоя кунем, аз калонгириву ҳарфҳои беҳуда ва пасту баланд парҳез намоем. Ба ин восита метавонем, ҳам ҳуқуқи падару модар ва дигар пайвандону хешонро адо кунем ва онҳоро аз худамон розӣ нигаҳ дорем, ҳам монеи азиятҳо ва носозгориҳои онҳо шавем.

Беҳтарин роҳи ҳалли мушкил ин аст, ки бо хешони ҳамсар муоширату робитаҳои хуб дошта бошем ва сайъ кунем муҳаббати онҳоро ҷалб намоем. Дар корҳо бо онҳо машварат намоем. Мушкилоти зиндагиро дар миён ниҳода, аз фикрҳои онҳо истифода кунем. Ба пешниҳоду маслиҳатҳо ва роҳнамоии муфидашон гӯш бидиҳем. Аз ҳамсарамон интиқод накунем. Коре кунем, ки онҳо яқин дошта бошанд, ки нисбат ба фарзандашон вафодор ҳастем ва воқеан ӯро дӯст медорем. Агар пешниҳоде доштанд, ки анҷом додани он бар салоҳамон нест ё бароямон имкон надорад, сайъ кунем бо забони хушу далелҳои мӯътамад ғайриимкон будани иҷрои онро барояшон исбот кунем.

www.donish.su

Дар рад кардани пешниҳодашон ба тундиву ситеза ва беэътиноӣ роҳ надиҳем. Ҳатто, агар аз ҳамсарамон ранҷидаву хафа бошем, ба унвони ёрдам, на эътироз, ин матлабро дӯстона ба онҳо бигӯем ва аз назари эшон истифода намоем. Бояд ҳамеша ёдамон бошад, ки мадорову созиш бо падару модар ва дигар хешу табори ҳамсар ва ҷалби дӯстии онҳо, яке аз рамзу муваффақиятҳои бузурги заношӯйӣ ва аз заруриятҳои муҳимми оиладорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, нисбат ба шумо эътимоду муҳаббат пайдо мекунанд ва бисёре аз мушкилоти заношӯйӣ худ ба худ ҳал мешаванд. Албатта, мумкин аст, дар байни авлодони ҳамсар шахсони иғвогару нодон ва худхоҳе пайдо шаванд, ки имконияти тафоҳуму ҳамдигарфаҳмӣ ва барқарории робитаҳои дӯстона бо онҳо вуҷуд надошта бошаду ба ҳеҷ ваҷҳ натавонем пеши роҳи дахолатҳои бемаврид ва таклифҳои беҷову беақлонаи онҳоро бигирем.

Лекин дар ин сурат ҳам салоҳ нест, бо ситезаву тундӣ ва қаҳру даъво бо онҳо муносибат намоем. Беҳтарин роҳаш ин аст, ҳатто ғайриимкон ҳам бошад, эҳсосоти худро идора намуда, бо нармиву ширинзабонӣ ва мадорову ахлоқи хуш бо онҳо рафтор кунем. Зеро, гарчи қобилияти ислоҳшавӣ надоранд, лекин бо ин воситаҳои ҳушмандона метавонем, каме ҳам бошад, аз иғвогариву айбҷӯии онҳо барканору эмин бимонем ва аз хатарҳои бузурге, ки мумкин аст қасри заношӯии моро хароб созад, ҷилавгирӣ кунем.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣҚадршиносӣ (дар оила байни зану шавҳар)
Мақолаи баъдӣМудирияти хонавода – Розҳои оиладорӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед