
Зану шавҳар ду рукни бузурги хонавода ҳастанд, лекин ҳар яке ба он сабаб, ки офаринишу хусусиятҳои гуногун доранд, аз ҷиҳате аз дигарӣ қавитар ҳастанд. Маъмулан мард аз назари ҷисмӣ ва зан дар эҳсосот нисбат ба ҳам бартарӣ доранд. Аз ҳамин рӯй аксари занон нисбат ба мардон зудбоваранд ва зудтар таҳти таъсир қарор мегиранд. Чун рӯҳи ҳасосу латиф доранд, бисёр зуд худашонро бой медиҳанд. Зуд шефтаву шайдо мегарданд ва зуд озурдахотир мешавад.
Занон маъмулан, ҳангоме ки эҳсосоташон боло мегирад, бе он ки аз оқибати кор биандешанд, тасмим мегиранд. Аммо мардон маъмулан ба хотири ҷисми қавитар ва тавони ғалаба бар эҳсосот вазифаҳои сангинтару душвортаре ҳам дар оила доранд. Ӯст, ки бояд бо тадбироти оқилонаи хеш ва бо ёрдами ҳамсар ва дигар аъзои оила хонаводаро ба беҳтарин ваҷҳе идора кунад ва шароити хушбахтиву саодати онҳоро фароҳам сохта муҳити хонаро мисли биҳишт муназзаму ороста гардонад. Ҳамсарашро ба фариштае табдил кунад.
Мард бояд ба ин тарафи кор таваҷҷуҳ дошта бошад, ки зан низ инсонест, мисли мард. Хостаҳову орзуҳо ва ҳаққи ҳаёту озодӣ дорад. Бояд бидонад, ки зан гирифтан ба маънои ғулом гирифтан нест, балки ба маънои интихоби шарик дар зиндагӣ ва ёру мунис гирифтан аст. Бояд ба хостаҳои ботинӣ ва умеду орзуҳои ӯ низ таваҷҷуҳ дошта бошад. Сарпарастии мардон бар оила ба ин маъно нест, ки мард молики мутлақи зан ва молики мутлақи инону ихтиёраш бошад.
Зану шавҳар, гарчи як зиндагии муштараки хонаводагиро ташкил медиҳанд ва бояд дар идораи кору бори манзил иштироки доимӣ намоянд, лекин ба ҳар ҳол, дар баъзе мавридҳо ихтилофи назарҳо ҳам доранд. Мард майл дорад, тамоми корҳои хона мутобиқи хости худаш анҷом бигирад ва зан мутеу фармонбардори ӯ бошад.
Розҳои оиладорӣ
Баръакси ҳол зан ҳам ҳамин хосту тамоюлро дорад. Аз ҳамин ҷо мухолифатҳову кашмакашҳо шурӯъ мегарданд. Баъзе мардҳо ба баҳонаи ин, ки роҳбару сарпарасти хонавода ҳастанд, фикр мекунанд, ки ҳар тавре дилашон мехоҳад, амру наҳй кунанд. Ҳамсарашонро вазифадор месозанд, ки мутеи дастуроташон бошаду ҳаргиз аз он сарпечӣ накунад. Дар сурати сарпечӣ ӯро мавриди итобу хитоб ва танбеҳу таҳдид қарор медиҳаду чунин рафтореро ҳаққи хеш мепиндоранд. Ҳатто, гоҳе бо зарбу лат ва азоб додан иқдом менамояд.
Он ҳам зарбу лат ба шахсе, ки бо садҳо умеду орзу ба хонаи шавҳар омадааст, ки дар паноҳи ӯ оромишу осоиш биҷӯяд, ба марде паноҳ овардааст, ки ҳомиву ғамхори ӯ бошад ва дар мушкилиҳо ёрияш кунад. Зан амонатест, аз ҷониби Парвардгор, ки ба мард супурда шудааст. Оё касе бо амонати илоҳӣ чунин рафтор мекунад?! Марде, ки ҳамсарашро мавриди зарбу лат қарор медиҳад, бар рӯҳи ӯ зарбае ворид месозад ва кинае дар дилаш пайдо мешавад, ки агар қобилияти бартараф кардани онро надошта бошад, муҳаббати хонаводагиро аз байн мебарад. Шавҳар ҳақ надорад ҳамсарашро ба коре маҷбур созад ва дар сурати сарпечӣ ба танбеҳ ва зарбу лат иқдом намояд.
Масалан, зан вазифадор нест, ки корҳои хонадориро анҷом диҳад. Монанди рӯфтану тоза кардани манзил, пухтани хӯрок, шустани либосу зарфҳо, нигоҳубини фарзандон ва дигар корҳо. Гарчи бонувон бо майлу рағбати беандоза корҳои манзилро анҷом медиҳанд ва дар ин бора ҳарфе ҳам надоранд, лекин дар асл вазифаи онҳо нест. Шавҳар бояд аз ҳамсараш дар баробари анҷоми ин корҳо изҳори ташаккур ва қадрдонӣ кунад. Ба ин восита ӯро ташвиқ намояд, вале агар баъзе корҳоро анҷом надод ё ноқис анҷом дод, мард ҳақ надорад ӯро мавриди танбеҳу танқид ва зарбу лат қарор диҳад.
www.donish.su
Мард чун ба унвони сарпарасти хонавода шинохта шудааст, наметавонад ҳамсарашро бо ихтиёри худаш гузошта, дар амалҳову рафтораш назорате надошта бошад, балки масъулияти вижааш тақозо менамояд, ки доимо муроқибу нигаҳбони ӯ бошаду аз дуродур бар рафтору ҳаракатҳояш назорат кунад, то мабодо дар асари зудбовариву содалавҳӣ ба гумроҳӣ биравад.
Мард бояд ҳамсарашро нигаҳбонӣ кунад, лекин ин корро бояд аз рӯи ақлу тадбир ва хеле боматонату боэҳтиёт анҷом диҳад. Бояд то ҷое имкон дорад, аз тундиву зӯроварӣ парҳез кунад. То мумкин аст, ба таври амру наҳй набошад, мабодо зан эҳсоси маҳдудияту монеи озодӣ кунад ва дар муқобили он аксуламал нишон бидиҳаду бисёр вақтҳо кор ба норозигиву ситезаҷӯйӣ ба поён бирасад. Беҳтарин роҳи муваффақият ҳамдигарфаҳмию ҷалби эътимод ва изҳори муҳаббату хушахлоқӣ аст.
Мард бояд мисли як мураббии дилсӯзу меҳрубон бо забони хуш ва ба сурати дӯсти хайрхоҳе ҷиҳатҳои хубу бади корҳоро ба ҳамсараш шарҳ диҳад, то худаш бо майлу рағбат корҳои хубро анҷом диҳад ва аз корҳои баду номуносиб парҳез намояд.
Мард вазифадор аст, тамоми хароҷоти хонаводаро аз қабили хӯроку пӯшок ва макони зист, ҳатто, пули духтуру даворо дар ҳадди тавон таъмин кунад. Зану бачаро бо «несту надорам» сер карда намешавад, ба ҳар ҳол хӯрдану пӯшидан мехоҳанд. Марди хирадманду ботадбир ҳисоби харҷу дахли хонаводаро ба таври дақиқ ҳисоб мекунад. Масолеҳи зарурии зиндагӣ, хӯроку пӯшокро бар дигар чизҳо муқаддам медонад. Миқдоре аз даромадашро барои ҳодисаҳои ногувори рӯзгор: бемориву бекорӣ ба гӯшае пасандоз мекунад. Сайъ мекунад, «пояшро чени кӯрпааш дароз кунад». Ҳар хонаводае, ки даромаду баромадашонро ба ҳисоб гиранд ва бо ақлу тадбир ва ҳисобу китоби иқтисодӣ харҷ кунанд, на танҳо дучори қарзу саргумӣ намешаванд, балки ба зудӣ зиндагии обрӯмандона ва нисбатан хубе пайдо хоҳанд кард.
Суи Дониш – donish.su
Гарчи риояти иқтисод кори хуб ва ба салоҳи хонавода аст, лекин сахтгирии зиёд ҳам хуб нест. Агар вазъи молии мард хуб аст, бояд дар харҷи аҳлу аёлаш хасисӣ накунад. Ба миқдори тавоноии хеш либосу хӯроки хуб ва манзили бароҳатеро барояшон таҳия кунад. Молу сарват барои харҷ кардан ва таъмини хароҷоти зиндагӣ аст, на барои ҷамъ кардану боқӣ гузоштан. Бояд осору аломатҳои молу сарват дар зиндагии инсон ва хӯроку пӯшоки хонаводааш намоён бошад.
Охир, чӣ фоидае дорад, ки мард шабонарӯз заҳмат кашида, ба худашу хонаводааш сахтӣ бидиҳад ва молу амволеро бигзораду аз ин дунё биравад? Чӣ фоида, ки то мард зинда аст, зану фарзандаш орзуи як хӯроки хуб ва либоси муносиб дошта, аз камбудии маводи ғизоӣ ҳамеша бемору ранҷур бошанд, лекин баъд аз маргаш дар тақсими молу амволаш ба сару каллаи якдигар бизананд?! Агар Худо ба инсон неъмат додааст, бояд ба ҳамон нисбат дар хароҷоти хонаводааш дасткушодӣ нишон бидиҳад.
Мард модоме, ки зан нагирифтааст, озод аст. Метавонад дер ба хона биёяд ё зуд. Хабар бидиҳад куҷо меравад ё не, аммо ҳангоме, ки издивоҷ кард хоҳ нохоҳ бояд барномаашро тағйир диҳад ва зудтар ба манзил биёяд. Бояд аҳамият бидиҳад, ки ҳамсараш аз субҳ то шом дар манзил заҳмат кашида, хонаро ба тартиб медарорад, ғизои бачаҳоро мепазад, либос мешӯяд, манзилро рӯфта, акнун чашм ба роҳ аст, ки шавҳараш ба хона биёяд, бо ҳам бинишинанд, суҳбат кунанд ва аз дидори ҳам лаззат бибаранд. Бачаҳояш низ интизоранд. Дур аз инсонияту инсоф аст, ки марди хона хушгузаронию шабнишинӣ биравад ва ҳамсари бечораву кӯдаконашро дар интизор бигузорад!
www.donish.su
Чун мард онқадар фурсат надорад, ки дар тамоми корҳои манзил кумак расонад ва дар ин ҷиҳат он қадар мутахасиси хуб нест, салоҳ аст, ки корҳои хонадориро дар ихтиёри ҳамсараш қарор ва дар ин бора ба вай озодӣ бидиҳад, то мувофиқи завқу салиқаи худ хонаро идора кунад. Агар дар ин бора назарҳои хосе дорад, ба унвони машварату салоҳандешӣ, на ба унвони ҳукмронӣ ва зӯрии худро нишон додан, онҳоро ба ҳамсараш фаҳмонад ва аз вай бихоҳад, ки хоҳишу салиқаи ӯро ҳам ба назар бигирад. Дар ин сурат мавқеияту эҳтироми мард маҳфуз мемонад ва дархосту пешниҳодоташ то як андоза мавриди қабул воқеъ хоҳад шуд.
Зеро аксари бонувон ҳозиранд, дахолатҳои марди хонаро, дар ҳолате ки гоҳгоҳ ва ба таври истисноӣ бошад, бипазиранд. Лекин агар ба эроду баҳонаҷӯйӣ ва ғур-ғурҳои доимӣ табдил шуданд, на танҳо таъсир нахоҳад дошт, балки мумкин аст, натиҷаи баръакс бидиҳад. Мард набояд аз ин нукта ғафлат кунад, ки танзими корҳои манзил ва идораи хона дар тахассуси зан ва аз алоқамандиҳои ӯ мебошад. Набояд ин ҳақро аз ӯ гирифт ва ӯро ба сурати як олоти беирода табдил сохт, балки бояд ба вай озодӣ дод, то завқу салиқаи хешро ба кор бибарад ва бо шавқу дилгармӣ хонадорӣ кунад. Салоҳ нест, ки мард дар ин бора сахтгирӣ ва баҳонаҷӯйӣ кунад. Сафову самимияти хонадорӣ бар ҳама чиз бартарӣ дорад.
Дуруст аст, ки бар мардон воҷиб аст хароҷоти хонаводаро таъмин кунанд ва бонувон дар ин бора масъулияте надоранд, лекин хонумҳо низ бояд шуғлу коре дошта бошанд. Инсон чи ниёзманд бошад, чи набошад, бояд касбу коре дошта бошад ва умри хешро беҳуда нагузаронад. Бекорӣ дилтангкунандаву хастакунанда аст ва аксари вақт боиси бемориҳои равониву ҷисмонӣ ва фасоди ахлоқ мешавад. Беҳтарин кори мувофиқ бо табиати зан корҳои хонаву шавҳардорӣ аст, ки бартарин машғулият барои бонувон ва кори бисёр бузургу арзандаест.
www.donish.su
Аммо баъзе бонувон майл доранд, ки аз хона берун ба коре машғул бошанд. Беҳтарину муносибтарин шуғлҳо барои бонувон машғулиятҳои фарҳангӣ ё парасторӣ аст. Метавонанд дар кӯдакистону мактаб ё донишгоҳ ба таълиму тарбияти бачаҳову наврасон, ки ҳам касби бисёр арзандае аст ва ҳам бо офариниши латифи онҳо созгор аст, машғул бошанд. Ё касби табиби бемориҳои занона, ё хоҳари шафқатро интихоб намоянд.
Ин қабил машғулиятҳо ҳам ба табъи латифу меҳрубони бонувон мувофиқ аст, ҳам дар анҷоми онҳо ниёзе ба сару кор гирифтан ва муошират бо мардони бегонаро надоранд ё камтар пайдо мекунанд. Ба бонувоне, ки мехоҳанд, дар берун аз хона ба коре машғул бошанд, маслиҳат дода мешавад, ки ба нуктаҳои зер таваҷҷуҳ кунанд:
1-Дар интихоби касб бо шавҳаратон маслиҳат кунед ва бе иҷозаи ӯ кореро қабул накунед, ки ин амал оромишу сафои хонаводагиро барҳам мезанад ва зиндагиро бар шумову фарзандонатон талх мегардонад. Ин ҳаққи шавҳар аст, ки иҷоза бидиҳад ё надиҳад.
2- Дар берун аз манзил ва дар маҳалли кор содаву беороиш бошанд ва аз муошират бо мардони бегона то ҳадди имкон парҳез кунанд, то ҳам муҳтарам бошед ва ҳам бар ҳиссиёту эҳсосоти ҳамсаратон рахна назанед.
3-Дар айни ҳол, ки шумо дар берун аз манзил кор мекунед, аммо шавҳару фарзандонатон интизор доранд, аз кори хона низ ғофил набошед. Кор кардан дар хориҷ аз манзил набояд боис шавад, ки ба кору бори хона аҳамият надиҳед ва шавҳару фарзандонатонро нороҳат созед.
Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ


