Матни муқаддима
Сӯи ӯ хасме, ки тир андохтӣ,
Пашшае кораш кифоят сохтӣ.
Шарҳи матн
1-Душмане аз душманони Аллоҳ таоло, ки номаш Намруд аст мағрур ба қудрату давлат ва шумораи зиёди сипоҳу лашкараш осмонро ба нишон мегирад ва ҷоҳилона ба гумони худаш Аллоҳ таолоро ҳадаф қарор медиҳад ва тир меандозад.
2-Аллоҳ таоло дар муқобилаш кучактарин пашшаеро мефиристад, ки аз тариқи бинӣ ва димоғаш ба мағзи сараш роҳ меёбад ва баъди дарду аламҳои зиёде ба Намруд расонидан, саранҷом вайро ба ҳалокат мерасонад.
Далелҳои матн
1- Насаби Намруд. Намруд ибни Канъон ибни Кӯш ибни Сом ибни Нӯҳ (а) аст. Ё Намруд ибни Фолих ибни Обир ибни Шолих ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ (а) аст.
2-Минтақаи Намруд. Намруд подшоҳи Бобул воқеъ дар Ироқ аст, ки қавмаш ситорагонро мепарастиданд ва худаш даъвои Худо будан дошт ва дигаронро маҷбур мекард то барояш саҷда бикунанд.
3-Оқибати Намруд. Намруд яке аз чаҳор подшоҳест, ки дар замони худашон бар олами замонашон ҳукумат кардаанд. Инҳо ҳазрати Сулаймон, Зулқарнайн, Намруд ва Бухти Наср мебошанд. Ин ҳамон Намруд аст, ки даъвати ҳазрати Иброҳимро напазируфта, ӯро дар оташ андохтааст ва бисёр пайравонашро қатл кардааст. Бо вуҷуде, ки барои тамоми олами замонаш подшоҳӣ мекард, дар баробари як пашшаи фиристодаи Аллоҳ таоло ҳеҷ коре карда натавонист ва пашша вайро ба қатл расонидааст. Қиссаи мунозираи ҳазрати Иброҳим бо Намруд дар ояти 258 сураи “Бақара” чунин зикр шудааст:
{ أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِي حَاجَّ إِبْرَاهِيمَ فِي رَبِّهِ أَنْ آتَاهُ اللَّهُ الْمُلْكَ إِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّيَ الَّذِي يُحْيِي وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا أُحْيِي وَأُمِيتُ قَالَ إِبْرَاهِيمُ فَإِنَّ اللَّهَ يَأْتِي بِالشَّمْسِ مِنَ الْمَشْرِقِ فَأْتِ بِهَا مِنَ الْمَغْرِبِ فَبُهِتَ الَّذِي كَفَرَ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ} (البقرة: 258)
“Оё аз ҳоли касе, ки Аллоҳ ба ӯ подшоҳӣ бахшида буд ва бо Иброҳим дар мавриди парвардигораш муҷодала мекард, хабар дорӣ? Онгоҳ Иброҳим гуфт: Парвардигори ман зотест, ки зинда мекунад ва мемиронад? Ӯ гуфт: Ман низ зинда мекунам ва мемиронам! Иброҳим гуфт: Аллоҳ офтобро аз машриқ мебарорад ва ту онро аз мағриб баровар! Ҳайрон шуд он кофир (ки чӣ бигӯяд, чун ҳеҷ ҷавобе наёфт) ва Аллоҳ мардумони ситамгорро ҳидоят намекунад”.


