Он, ки аъдоро ба дарё даркашид … (шарҳи Чоркитоб)

0

 Матни муқаддима

Он, ки аъдоро ба дарё даркашид….

1- Аллоҳи сазовори сипосу сано ва воҷибулитоъату ибодат душманонашро дар дарё фуру мебарад ва нобуд месозад.

2-Аз ҷумлаи душманони Аллоҳ, ки онҳоро дар баҳр ғарқ кардаву ҳалок кардааст, Фиръавни Миср аст.

3-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар муқобили ҳар табаҳкоре мисли Фиръавн як ислоҳкоре мисли ҳазрати Мусоро офаридааст ва тавасути ӯ гардани кибру ғурур ва куфри фиръавниҳоро шикастааст.


Далелҳои матн

1-Маърифати Фиръавни ғарқшуда. Подшоҳони Мисрро Фиръавни Миср мегӯфтанд ва номи фиръавни ғарқшуда Минфитоҳ ибни Раъамсиси дуввум аст, ки ӯ чаҳорумин фиръавн аз ҷумлаи нуздаҳ фиръавни машҳури Миср аст.

2-Замони ҳокимияти Фиръавни ғарқшуда. Замони подшоҳии Фиръавн тахминан як ҳазору дусад сол қабл аз милоди Исо (а) аст, ки то замони мо бештар аз се ҳазору дусад сол мешавад.

3-Иллати гумроҳии Фиръавн. Дар замоне, ки ҳазрати Юсуф азизи Миср, яъне сарвазири он кишвар буданд Фиръавни он даврон ҳамроҳи аксари мардуми Миср яктопараст шуда буданд ва бародарони ҳазрати Юсуфро дар кишвари худ ҷою макон додаанд ва Бани Исроил нӯри чашмонашон буданд.

Аммо баъди вафоти ҳазрати Юсуф дубора ба дини бутпарастии қадимашон баргаштанд ва Фиръавни замонашон шуруъ ба даъвои худо будан кард ва Бани Исроилро, ки дар он замон яктопараст буданд зери шиканҷаву зулму ситам хору залил гардониданд.

4- Насаби ҳазрати Мусо. Мусо ибни Имрон ибни Қоҳас ибни Ловӣ ибни Яъқуб ибни Исҳоқ ибни Иброҳими халил алайҳимуссалом.

5-Замони пайғамбарии ҳазрати Мусо ва бобояш ҳазрати Иброҳим.  Мутобиқи баъзе ривоятҳо ҳазрати Иброҳим 175 сол ва ҳазрати Исҳоқ 180 сол ва ҳазрати Яъқуб 147 сол ва Ловӣ 137 сол ва Қоҳошт 127 сол ва Имрон падари ҳазрати Мусо 136 сол умр дидаанд. Пас агар ончи дар ин ривоятҳо омадааст дуруст бошад ҳазрати Мусо 1506 сол баъди туфони бобокалонаш ҳазрати Нӯҳ ва 425 сол баъд аз таваллуди ҳазрати Иброҳим ба дунё омадааст. Дар фосилаи замонии байни ҳазрати Иброҳим ва ҳазрати Мусо чанд пайғамбари дигаре, мисли ҳазрати Лӯт, Исмоил, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, Шуъайб ва дигарон алайҳимуссалом гузаштаанд.

Ҳазрати Мусо (а) 120 сол ҳаёт ба сар бурдааст ва ҳангоми саргардонии Бани Исроил дар биёбон вафот кардааст ва дар ҷануби Урдуни имрӯза ба хок супурда шудааст.

6- Мақому мартабаи ҳазрати Мусо. Ҳазрати Мусо (а) аз ҷумлаи пайғамбарони улулъазм ба шумор меравад ва номи ҳазрати Мусо дар 124 ҷои Қуръони карим зикр шудааст, ки аз ҳеҷ пайғабари дигаре номаш дар Қуръон чунин бисёр такрор нашудааст. Ба таври мисол номи ҳазрати Иброҳим дар 56 оят ва номи ҳазрати Нӯҳ дар 40 оят ва номи ҳазрати Исо дар 16 оят ва аз ҳазрати Муҳаммад (с)  бо сариҳи лафзи номаш ҳамагӣ 4 маротиб зикр шудааст.

Бисёр такрор шудани номи ҳазрати Мусо ва қиссаи Бани Исроил ҳеҷ фазилати изофиеро нисбат ба дигар пайғамбарон барояш намедиҳад, вале ишора ба ибратомез будани қиссаи ӯ ва аҳамияти муҳим доштанаш дар ибрат гирифтан аз оқибати неки дину имон ва саранҷоми талхи куфру ширк мекунад.

7-Кайфияти ҳалок шудани Фиръавн. Ҳазрати Мусо (а) ҳар муъҷизае мисли ба аждаҳо табдил шудани асояш ва пурнуру сафед шудани дасташ ва ғайра нишон медод, то ба пайғабарияш имон биоранд, валекин Фиръавниҳо ба ин идаои пӯч, ки муъҷизаҳояш сеҳру ҷодуст даъвати ҳазрати Мусоро намепазируфтанд.

Дар асари ин саркашияшон Аллоҳ таоло лашкари малах ва ғӯкҳоро бар муқобилашон фиристод ва обҳои нушиданияшонро ба хӯн табдил мекард, ки ҳолашон бисёр бад гардид.

Баъди ин Фиръавн ба ҳазрати Мусо гуфт, ки агар Парвардигорат ин азобро аз мо бардорад ба пайғамбарият имон меорем ва Бани Исроилро раҳо мекунем, метавони онҳоро ба куҷое бихоҳи бибарӣ.

Аммо ҳангоме Аллоҳ таоло ба таври муваққат азобро аз онҳо дӯр кард ваъдахилофӣ ва паймоншиканӣ карданд ва имон наоварданд ва бо лашкари бузурге аз пушти ҳазрати Мусо ва Бани Исроил баромаданд, то онҳоро дастгир бикунанд ва ба қатл бирасонанд.

Ҳангоме дар соҳили Баҳри сурх, ки онро баҳри қалзам ё қулзум низ меноманд Бани Исроил расиданд ва лашкари Фиръавн ба онҳо бисёр наздик гардид ва ҳазрати Мусо асояшро дар оби баҳр зад ва дар дохили оби он дувоздаҳ роҳ барои дувоздаҳ қабилаи Бани Исроил кушода шуд ва онҳо ҳар кадомаш аз он роҳҳо Баҳри сурхро убур карданд.

Аммо ҳангоме Фиръавн ва лашкараш аз пушти онҳо дохили Баҳр шудаанд Аллоҳ таъоло онҳоро ғарқ ва ҳалок кард. Дар ин мавзӯъ дар Қуръони карим дар ояти 132 сураи “Аъроф” чунин омадааст:

{فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوابِآيَاتِنَا وَكَانُواعَنْهَا غَافِلِينَ} (الأعراف :132 )

“Пас аз онон (Фиръавн ва лашкараш) интиқом гирифтем ва ононро дар баҳр ғарқ кардем, чаро, ки оятҳои моро дурӯғ пиндоштанд ва аз он ғофил буданд”.

8- Оқибати Фиръавн. Баъзеҳо ояти 90 сураи “Юнус” –ро ҳуҷҷат қарор дода идао кардаанд, ки Фиръавн бо имон мурдааст. Лафзи ояти мазкур чунин аст:

{قال آمَنْتُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا الَّذِي آمَنَتْ بِهِ بَنُوإِسْرَائِيلَ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ} (يونس :90 )

“Гуфт Фиръавн: Имон овардам ба ин, ки ҷуз худое, ки Бани Исроил ба он имон овардааст худои дигаре нест ва ман аз ҷумлаи таслим шудагонам”.

Ин идао аз чанд ҷиҳат мардуд аст:

1-Аз ояти баъди ин оят омада дониста мешавад, ки замоне Фиръавн чунин суханро ба забон овардааст, ки ҳолати ҷон доданаш будааст ва фурсати имон овардан дар ҳолати ҷон додан фавт мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло дар идома, яъне дар ояти 91 сураи “Юнус” вайро барои таъхир кардан дар пазируфтани имон ва ба нишони рад кардани имонаш чунин маломаташ кардааст:

{آلْآنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنْتَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ} (يونس: 91)

“Оё акнун ( ки фурсати имон овардан фавт шудааст имон меоварӣ), ҳол онки қаблан нофармонӣ мекардӣ ва аз ҷумлаи табоҳкорон будӣ?”

2- Фиръавн дар ҳолати ҷонканданаш имон овардааст, ки чунин имонро имони яъс меноманд, яъне имони аз ночорӣ ва ноумедӣ, на имони ба ихлос ва нияти содиқона.  Аз ояти 18 сураи “Нисо дониста мешавад, ки дар чунин ҳолат тавбаи аз куфр  пазируфта намешавад ва дар асари он имон  ҳам пазируфта намешавад. Зеро имони ба Аллоҳ баъди тавба аз куфру ширк аст ва то замоне кас ба қиёмат бовар надошта бошад ва ё ибодати бутҳоро куфру ширк надонад имон овардам гуфтанаш ҳеҷ суде барояш надорад. Аз ҳамин ҷиҳат  Аллоҳ таъоло дар ин оят чунин фармудааст:

{وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّى إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الْآنَ وَلَا الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ أُولَئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا} (النساء: 18)

“Ва тавбаи касоне пазируфта намешавад, ки корҳои зишт анҷом медиҳанд, то замоне яке аз онҳоро маргаш фаро мерасад ва ӯ мегӯяд:Акнун тавба кардам. Ва на тавбаи касоне пазируфта мешавад, ки дар ҳоли мурданашон кофиранд, барои инҳо азоби дардноке омода кардаем”.

Аммо ҳадиси бо санади ҳасан дар “Сунани Тирмизӣ” ва ғайри он бо ин лафз ривоятшуда:

«إِنَّ اللَّهَ يَقْبَلُ تَوْبَةَ العَبْدِ مَا لَمْ يُغَرْغِرْ». (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -5/ 547 3537 – – عَنْ ابْنِ عُمَرَ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:… هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ غَرِيبٌ.وحكم المحقق: حسن).

 “Ҳамоно Аллоҳ тавбаи бандаро мепазирад, модоме ҷонаш ба ҳолати ғарғараи ҷон додан нарасида бошад” барои тавбаи бандаи мусулмон аст, на тавбаву имони бандаи кофир. Аз ҳамин ҷиҳат Имом Абулҳасани Алӣ Қорӣ дар “Мирқот” чунин гуфтааст:

“وفي مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح -3/ 1235- وَبِهَذَا قَوْلُ بَعْضِ أَئِمَّتِنَا: أَنَّ تَوْبَةَ الْيَأْسِ مِنَ الْكَافِرِ غَيْرُ مَقْبُولَةٍ، وَمِنَ الْمُؤْمِنِ مَقْبُولَةٌ كَرَامَةً لِإِيمَانِهِ، وَمِمَّا يُؤَيِّدُهُ إِطْلَاقُ قَوْلِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ” «إِنَّ اللَّهَ يَقْبَلُ تَوْبَةَ الْعَبْدِ مَا لَمْ يُغَرْغِرْ»

“ Ин оят “Ва тавбаи касоне пазируфта намешавад”-ро баъзе имомони мо ҳанафиҳо  ҳуҷҷат қарор дода ва гуфтаанд, ки тавбаи яъс аз кофир пазируфта намешавад ва аз муъмин ба хотири каромати имонаш пазируфта мешавад. Ин назарро фармудаи “Пайғамбар (с): “Ҳамоно Аллоҳ тавбаи бандаро мепазирад, модоме ҷонаш ба ҳолати ғарғараи ҷон додан нарасида бошад” таъйид мекунад. Зеро дар ин ҳадис дар мавриди тавбаи мусулмон аст ва мурод аз банда бандаи мусулмон мебошад.

9-Танбиҳи муҳим. Дар баъзе тафсирҳо ғарқ шудани Фиръавнро дар дарёи Нил ва дар баъзе дигараш дар Баҳри Сурх гуфта шудааст, ки аз чанд ҷиҳат дар Баҳри Сурх буданаш саҳеҳтар ба назар мерасад:

1-Дар ояти 50 сураи “Бақара” Аллоҳ таоло аз ғарқ шудани Фиръавн дар баҳр хабар додааст ва Нил баҳр набуда, балки наҳр, яъне дарёст. Чуноне мефармояд:

{وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ الْبَحْرَ فَأَنْجَيْنَاكُمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ } (البقرة: 50)

“Ва ёд овар ҳангомеро, ки баҳрро бароятон шикофтем ва олӣ Фиръавнро ғарқ кардем ва шумо (ғарқ шуданашонро) нигоҳ мекардед”.

2- Дар ояти 92 сураи “Юнус” Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст:

{ فَالْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ آيَةً وَإِنَّ كَثِيرًا مِنَ النَّاسِ عَنْ آيَاتِنَا لَغَافِلُونَ} )يونس: 92(

“Пас имрӯз мо ҷасади туро мераҳонем то барои касони пас аз ту меоянд мояи ибрате бошӣ! Бегумон бисёрии мардум аз оятҳои мо ғофилу бехабаранд”.

Чуноне медонем ҷасади Фиръавн Минфитоҳ бо вуҷуди бештар аз се ҳазор сол гузаштан аз вафтот карданаш то ҳанӯз солим боқӣ мондааст ва мардум ба Миср барои дидани он сафар мекунанд. Ҷасади мазкурро ҳамроҳи ҷасади дигар Фиръавнҳо аз макони махсуси ҳифз карданашон пайдо кардаанд, вале ҳеҷ як ҷасади Фиръавни дигар мисли ҷасади Минфитоҳ бо вуҷуди мум шуданашон солим боқӣ намондаанд.

Дар соли 1981 милодӣ гуруҳи муҳаққиқони фаронсавӣ бо сарварии профессор Мурис Букей ҷасади Фиръавн Минфитоҳро баррасӣ мекунанд ва дар гурдаҳояш намаки баҳрро пайдо мекунанд. Дар натиҷа ба ин хулоса меоянд, ки Минфитоҳ дар баҳр ҳалок шудааст ва ҷасади ӯро аз баҳр гирифтаанд ва дар макони махсус барои ҷасади фиръавнҳои вафоткарда гузоридаанд.

Ин таҳқиқи илмӣ, ки баъди он Мурис Букей ва чанд уламои дигари тиб ва бостоншинос ба ҳақ будани Қуръон имон овардаанд ва ҳатто Букей китоб ҳам дар ин мавзӯъ навиштааст, далолати возеҳ бар ин мекунад, ки Фиръавн дар Баҳри Сурх ғарқ шудааст, на дар дарёи Нил. Зеро оби баҳр шур аст ва намак дорад ва оби дарёи Нил ширин аст ва намак надорад, ки асари он дар ҷасади Фиръавн боқӣ бимонад.


Сӯи ӯ хасме, ки тир андохтӣ,
Пашшае кораш кифоят сохтӣ.

Мақолаи қаблӣСӯи ӯ хасме, ки тир андохтӣ, Пашшае кораш кифоят сохтӣ.
Мақолаи баъдӣНоқаро аз санги хоро баркашид … (шарҳи Чоркитоб)