Тафсири Сураи Таквир Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 27
اِنۡ هُوَ اِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعٰلَمِيۡنَ ٢٧
Ин ҳува илла зикру-л лил ъаламӣн. 27.
27. Нест Қуръон, магар панд барои оламиён,
Қуръон китобест, саршори панду ҳикмат, китобест барои наҷоти оламиён омада. Китобест, инсонро ба сӯйи ростӣ раҳнамо месозад. Китобест, барои имрӯзу фардо, барои ҷудо кардани ҳаққу ботил ва ҳалолу ҳаром. Китобест барои шинохтани Парвардигори оламиён ва оламу одам. Қуръон ба мисли суфраи густурда пеши аҳли башар ҷавобгӯи ҳама розу ниёзи онҳо ва барои осон кардани зиндагонии онҳост.
Сифатҳои Қуръон зиёд буда, ҳамаи онҳоро дар ин ҷо гуфтан аз имкон берун аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «