Байни намози мард ва зан фарқ ҳаст? Албатта, як чанд фарқ вуҷуд дорад.
Фарқҳо чунинанд:
- Занҳо дар ҳолати қиём дасти рост болои дасти чап ниҳода дар болои синаи худ медоранд.

Қиём - Дар ҳолати такбири таҳрима кафҳои дастони худро сӯи қибла намуда, баробари китфҳояшон мебардоранд.

Ният кардан (Такбири таҳрима) ва Қиём - Дар ҳолати рукӯъ панҷаҳояшонро ҷафс намуда, бар болои зонуҳои худ ниҳода, миёнашро андак хам мекунанд;
- Дар вақти рукӯъ миёнашонро бисёр хам намекунанд, балки андак хам мекунанд халос.

Рукӯъ ва Қавма - Занҳо дар ҳолати саҷда бозувони дастҳояшонро ба биқинашон, шикамҳояшонро ба сонҳояшон ва зироъҳояшонро ба замин расонда, саҷда мекунанд.

Саҷда, Ҷалса ва Қаъда - Занҳо дар миёни ду саҷда за дар ҳолати Аттаҳиёт хонданашон пойҳояшонро аз тарафи рост бароварда, ба болои думбаи чапашон менишинанд;
- Занҳо намозҳои баланд мехондагӣ, бомдод, шом, хуфтанро ба даруни дилашон паст мехонанд;
- Занҳо худашон ҷамоат шуда намоз намехонанд, лекин бо муҳарамашон бо шавҳараш, ё падараш ё писарҳояш иқтидо карда намоз хондан мумкин аст;
- Занҳое, ки ба имом иқтидо мекунанд, дар сафи охир меистанд, баробари имом истодан мумкин нест, зеро ки намози имом вайрон мешавад;
Оё занҳо ҳам намози таровиҳ мехонанд?
Дар диёри мо занҳо ба Масҷиди ҷомеъ рафтанашон одат нашудааст, бинобар ҳамин ҳам намози таровиҳро дар хонаҳояшон аз қафои падар, бародар, шавҳар ё фарзандонашон мегузоранд, ё ин ки ҳар кадом худаш бо танҳоияш алоҳида мехонад.
Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.
| Дигар маводҳо: |


