Дар солҳои охири асри XIX дар баробари дигар соҳаҳои ҷомеа риштаи варзиш низ дар ҳоли пешравӣ қарор дошт. Аниқтараш баъди пайдоиши бозии футбол 21-уми декабри соли 1891 Ҷеймс Нейсмит бозии баскетболро асос гузошт. Ӯ донишҷӯёни колеҷи Спригфилдро, ки дар он ҷо дарс медод ба ду гурӯҳи 9 нафарӣ тақсим карда, ғолиб гурӯҳеро медонист, ки ба қуттиҳои дар ду тарафи майдон гузошташуда тӯби бисёр ворид созанд. Бозии баскетбол низ аз ҳамин ҷо пайдо шуда, бо мурури замон дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шудан гирифт. Ватани аслии ин бозӣ Амрико ба ҳисоб меравад.

Қоидаи бозии баскетбол асосан ин бо даст бозӣ кардани тӯб мебошад. Дар ҳолати бо пой тӯбро задан довар зарбаи ҷаримавӣ эълон мекунад. Бозӣ аз 4 даври 10- дақиқаӣ иборат аст.
Соли 1932 дар Конференсияи байналмилаллӣ, ки дар Женевои Швейтсария баргузор гардида буд, бори авал Федератсияи баскетболи байналмилаллӣ (ФИБА) ташкил гардид.
Баскетбол соли 1936 дар барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардида, Ҷоми ҷаҳон дар ин ришта миёни мардон соли 1950 ва миёни занон соли 1953 пайдо шуда аст.
Дар баскетбол ҳамагӣ ду дастаи иборат аз панҷ нафарӣ бозӣ мекунанд ва мақсади асосии дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар партофтани тӯби бисёр мебошад. Ҳисоби умумии бозингарони ҳар даста набояд аз 12 нафар зиёд бошад ва онҳо бо тарзи ҷойивазкунӣ мавқеи якдигарро иваз карда кӯшиши ҳисоби бозиро дигаргун кардан доранд.
Соли 1946 Асотсиатсияи баскетболи Амрико пайдо шуда, бозии аввалини он 1–уми ноябри ҳамон сол дар Торонтои Канада миёни дастаҳои Toronto Huskies ва New York Knickerbockers баргузор гардида буд.
Бозии баскетбол аз солҳои аввали пайдоиш оҳиста–оҳиста рушд карда, қариб ки дар тамоми давлатҳои ҷаҳон паҳн шуда аст. Айни ҳол ин риштаи варзиш ҳаводорони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст, ки онҳо ин бозии ҷолибро дар ҷаҳон муаррифӣ карда, баскетболро дар баробари футбол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруф карда истодаанд.
маълумот дар бораи баскетбол бо забони точики, баскетбол кай пайдо шудааст, бозии баскетбол дар кучо пайдо шудааст.



👍