Оиди чӣ тавр таҳорат кардан қадам ба қадам дар ин мақола маълумот овардаем: Тарзи Таҳорат кардан (Чӣ тавр таҳорат кунем?)

Макрӯҳоти таҳорат инҳо мебошанд:
1.Обро бар рӯй сахт задан.
2.Аврати худро аз ҳоҷат берун кушодан.
3.Дар хилоҷо бисёр нишастан ва бар аврати хеш назар кардан.
4.Дар вақти вузӯъ обро аз поён ба боло кашида шустани рӯй ва ҳар аъзоро аз се бор зиёд шустан.
5.Ба даҳон ва бинӣ бо дасти чап об гирифтан ва бо дасти рост биниро афшондан.
6.Яке аз суннатҳои таҳоратро тарк кардан.
7.Дар хилоҷо туф кардан, бинӣ афшондану бо дасту по хат кашидан.
8.Дар вақти истинҷои обӣ ҳамаи ангуштонро кор нафармудан, балки бо шиками ангушти васати чап маъқадро тоза намуда, баъди истинҷо дасти чапро бо собун шустан мустаҳаб аст.
9.Бо таҳорате, ки дар он гумону шак аст, намоз хондан.
10.Дар ҳолате, ки аз пеш ё пас ҳоҷат танг намояд, намоз гузоридан.
| Инчунин хонед: |
Макрухоти Тахорат, тахорат макрух, чи тавр бояд намоз хонд.


