
Сараввал инро хонед >> Энергия чист? (Бо забони сода)
Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағйир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошин- ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир дода ва истифода қарда метавонад.
Об, шамол, офтоб дорои захираҳои бузурги энергия мебошанд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд.
Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба нерӯи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикетро ба нерӯи барк табдил дод.
Телевизор нерӯи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.


