
Ҳикояте бисёр зебо ва хонданӣ
Гургҳо дар ҳаққи гӯсфандҳо тазоҳурот карданд ки онҳо бояд озодӣ дошта бошанд. Чаро ҳуқуқи онҳо поймол мешавад ва дар оғул зиндонӣ шудаанд.
Чун гӯсфанде ин садоро шунид ба гӯсфандони дигар гуфт гӯш кунед, дорад дар ҳаққи мо тазоҳурот мешавад, биравем мо ҳам ширкат кунем ва садои ҳуқуқи худамонро ба гӯши дигарон бирасонем.
Гӯсфанди пире гуфт: духтарам ҳушёр бош ин гургҳо душманони мо ҳастанд дар фиреби гуфтаашон қарор нагир!
Аммо гӯсфандони ҷавон ба ҳарфаш гӯш надоданд ва ҳама бо ҳам садо сар доданд ки модар замони шумо бо мо фарқ мекунад акнун асри ҷадид аст ва касе ҳақ надорад ҳаққи касеро зоеъ кунад. Гургҳо чи тавр душмани мо ҳастанд дар ҳоле ки аз ҳуқуқи мо сӯҳбат мекунанд.
Гӯсфанди пир гуфт духтарам инҳо дар пайи ҳалокат ва нобудии шумо ҳастанд! Худатонро қабл аз ин ки шикамҳоятон пора пора нашуда аз шаррашон наҷот диҳед. Агар дар фиреби гуфтаҳояшон қарор гирифтед шикамҳои ҳамаатонро пора пора мекунанд.
Бо шунидани ин ҳарфи гӯсфанди пир, гӯсфанди ҷавон хашмгин шуд ва гуфт: Модар ту ки пир шудаӣ, бигузор мо ба озодиямон бирасем ва нафаси роҳате бикашем ва дар чароҳои сарсабз ва шодоб ва боғҳои зебо бо озодӣ қадам бизанем. Ту ки пир шудаӣ чӣ медонӣ ки озодӣ яъне чӣ? Ту насиҳататро пеши худ нигаҳ дор, мо дигар бештар аз ин қайду бандро таҳаммул нахоҳем кард.
Бо гуфтани ин сухан, ҳама гӯсфандони ҷавон наъраҳои озодӣ озодӣ сар доданд ва эътисоби ғизо карданд чун нигаҳбони оғул ин вазъиятро дид маҷбур шуд онҳоро боз ва озод кунад.
Вақте гӯсфандон озод шуданд, бисёр хушҳол буданд ва аз хушҳолии зиёд наъра сар медоданду ин тарафу он тараф мепариданду берун медавиданд!
Аммо мутаасифона гургҳо бар гӯсфандони маъсум ҳамлаовар шуда ва шикамҳояшонро пора пора карданд.
Ҳол имрӯза сӯҳбаткунандагон аз ҳуқуқи зан низ гургҳои ваҳшӣ ҳастанд ки дар ҳақиқат барои расидан ба занон хоҳони озодиашон ҳастанд ки дар воқеъ ташнагони хуни занон ҳастанд.
Онҳо дар фикри ҳуқуқи занон нестанд балки дар фикри рафъи ташнагии худ ҳастанд.
Хоҳарам ҳушёр бош.


