Тафсири Сураи Тур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 8
مَّا لَهٗ مِنۡ دَافِعٍۙ ٨
Ма лаҳу мин дафиъ. 8.
8. Онро чизе дафъкунанда нест!
Чуноне ки дар зимни панҷ ояти боло баён гардидааст, Аллоҳ таъоло савганд ёд карда, бо таъкид мегӯяд, ки азоби Парвардигор, албатта, барои мушрикону кофирон воқеъ мегардад. Албатта, он азоб ҳақ асту рост аст ва Худованди он панҷ ашёи мавриди савганд қарор гирифта бузург аст ва ҳеҷ гунаҳкор аз азоби Ӯ эмин намемонад. Чун азоб ба вуқӯъ ояд, касе қодир нест, ки онро бигардонаду дафъ созад.
Дар ривояте аз ҳофиз Абӯ Бакр Абдудунё омада, ки халифаи муъминон ҳазрати Умар (р) як бегоҳ аз кӯча гузар мекард. Аз назди хонаи мусулмоне мегузашт. Дар он ҳангом соҳиби хона намоз мехонд ва сураи «Тур»-ро қироат мекард. Амиралмуъминин таваққуф карда, ба тиловати соҳибхона гӯш фаро дод. Чун он намозхон ояти «Инна ъазаба раббика лавақиъ. Ма лаҳу мин дафиъ»-ро қироат кард, ҳазрати Умар (р) гуфт: «Қасам ба рабби Каъба, ки ин калом ҳақ аст!». Баъд Он ҳазрат (р) аз ҳаракат монд ва бемадор гашта, ба девор такя намуд. Муддате дар ин ҳолат истода, сипас ба хонаи худ баргашт ва як моҳ бемори бистарӣ гардид. Барои касоне, ки ба аёдати ӯ меомаданд, сабаби маризии ӯ (р) равшан набуд.
Дар ҳақиқат Қуръони маҷид ба мусулмононе, ки ҳамеша аз азоби Худо дар тарсу аз раҳмати Ӯ таъоло боумеданд, ҳамин гуна таъсир мерасонад.
Аммо шахсоне, ки аз маънои он бехабаранд, чӣ донанд, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «