Табрикоти туёна – Шеърхо барои туй

0

Дар ин мақола табрикоти туёна ва шеърхои туёна оварда мешавад. Табрикоти туёна аз сомонаи Суи ДОНИШ | www.DONISH.su

Навбахтиву навшодӣ, навхона муборак бод,
Ин толеи фирӯзу фарзона муборак бод.
Аз бахти баланд шоду аз давлати ишқ обод,
Ин ҷони ҷавонатро ҷонона муборак бод!

Муборак туятон келину домод,
Муборак хонаи аз меҳр обод.
Тамоми умр бо ҳам бошед,
Зи ҳабси дарду ғам озод бошед.
Чароғи бахтатон бошад фурӯзон,
Шавад ишқи шумо машҳури даврон.
Бо ҳам бошед чун Фарҳоду Ширин,
Шуморо бахт хоҳем, бахт омин!

Ду тан ёри азизу меҳрубон шуд,
Ба ҳам дилдодаю пайванди ҷон шуд.
Дар ин гулбоғи пур аз орзуҳо,
Яке булбул, дуюмин арғувон шуд.

Чӣ зебою дилороед ҳарду,
Ба тан ҷону ба дил ҷоед ҳарду.
Ба пеши тахт ҳамчун моҳи тобон,
Чароғи қалб бар моед ҳарду.

Шаби васлу шарафмандӣ мубора,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!

Шеърхои табрикоти Туёна

Ало ёрон шуморо бахти некӯ ҳамсафар бодо,
Шаби фардоятон рафшантар аз рӯйи саҳар бодо.
Барои рӯзгори нав қадам якҷоя бинҳодед,
Қадамҳотон аз аввал то ба охир бехато бодо.

Аруси нозанин туят муборак,
Шакарханди гули рӯят муборак.
Нишаста аҳлӯи ту бо тавозӯъ,
Гадои чашму абрӯят муборак!

Имрӯз арӯс ба ин макон омадааст,
Дар хилвати ёри меҳрубон омадааст.
Аз пойи қудуми ин аруси зебо,
Бас файзу барор ба хонадон омадааст.

Падар бошад ҳамеша дар бари ту,
Дуои неки модар раҳбари ту.
Дар ин роҳи дарози зиндагонӣ,
Худо бошад нигаҳбони сарти ту.

Туро эй навҷавон ҷонона табрик,
Рафиқи умр ин ҳамхона табрик.
Шуморо эй аруси сарвқомат,
Қадаммонӣ ба ин кошона табрик.

Табрикот ва шеърхо барои туй

Ин лаҳзаи ҷовидон муборак бошад,
Пайвастани ҳамдилон муборак бошад.
Ин лаҳза ду хонадон ба ба ҳам пайваста,
Пайванди ду хондон муборак бошад.
Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин
Ду ахтари ҳамқарин муборак бошад.
Ҷисме ба ҷон расиду ҷоне ба ҷисм,
Бинед, ки ҷисму ҷон муборак бошад!

Худовандо, раҳиму меҳрубонӣ,
Ки ту огаҳ зи қалби бандагонӣ.
Ҳаме бар келину домоди моён,
Ато кун бахти неку шодмонӣ.

Чашме ба чашме боз шуд, ёрон, муборак бод ишқ,
Дил бо диле дамсоз шуд, ёрон, муборак бод ишқ.
Ақле ба ақде даст дод, рӯҳе ба рӯҳе рӯ ниҳод,
Ҷон ба ҷоне соз шуд, ёрон, муборак бод ишқ!

Насими форами бахт бар кӯйи мо вазидаст,
Бар рӯи ин хонадон офтоби бахт хандидаст.
Меҳмони нав-арусак гул кунонад зиндагӣ,
Муборакбодӣ гӯем, чунки вақташ расидаст.
Бубинед, эй азизон, бар сари ин хонадон,
Бо лутфи Парвардигор субҳи шодӣ дамидаст.

Шеърхои табрикоти туёна, Туёна шеър,

Ба шумо табрикот бо сухан ва шеърхои туёна бештар лозим аст пас аз инҷо хонед >> ТАБРИКОТИ ТУЁНА СУХАН ВА ШЕЪР

Дигар маълумотщо оиди табрикот <<

Мақолаи қаблӣШеър дар васфи Хазрати Мухаммад пайгамбар (с)
Мақолаи баъдӣШеърхои ошики барои ошикон