Шаҳре, ки дар он мурдан манъ аст

0

Ин шаҳри норвегӣ дар архипелаги Шпитсберген байни Норвегия ва қутби Шимол ҷойгир шудааст.  Он на танҳо бо ҳарорати пасту шабҳои қутбӣ ва хирсҳои сафед, ҳамчунин бо яке аз қонунҳои шигифтангез дар ҷаҳон машҳур аст. Гап дар он ки дар қаламрави Лонгйир фавтидан манъ мебошад.

Моратория ба маргро бинобар яхбандии абадӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҷасадро имкони пӯсидан намедиҳад. Ин дар навбати худ метавонад на танҳо боиси паҳншавии вирусҳои марговар, инчунин, ҷалби дарандаҳо гардад.

Аз ин рӯ, рафту бо касе ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ё нафаре бемории вазнин шавад, фавран бо ҳавопаймо ба «замини калон» мебаранд. Мабодо касе фавтид, ҷасадашро ҳатман ба дигар қисмати Норвегия мефиристанд.

Зимнан, Лонгйир дар дунё ягона ҷое нест, ки фавтидан қонунан манъ бошад. Чунин табу дар шаҳри испании Ланхарон ва се деҳаи фаронсавӣ – Коню, Ле-Лаванду ва Сартурансе низ амал мекунад.

Мақолаи қаблӣРубоиёти Абуабдуллохи Рудаки / шеърхо
Мақолаи баъдӣМаснави дар васфи Домулло Хикматулло Точикободи