Якчанд шеъри ошики дар бораи ишк – ошики точики рубоетхои ошики >>>>

Ишқи навоғози моро ҳеҷ анҷоме мабод,
Қалби ноороми моро ҳеҷ ороме мабод.
Дигарон бошанд инъоме зи даврон хостгор,
Баҳри ман ҷуз васли ту аз бахт инъоме мабод.
Дур аз ту бо ғамат наздиктар шуд ҷони ман,
Дар дили ман ҷуз ғами ширини ту коме мабод.
Ишқи ман дар тирамаҳ бо номи ту гул мекунад,
Дар замири хотирам ҷуз номи ту номе мабод.
Гар хазонрез аст, бо бӯи баҳорат зиндаам,
Дар гулистони дилам ҷуз ту гуландоме мабод.
Сафҳаи шеъри маро то ҳар нафас равшан кунӣ,
Субҳи рухсори туро, эй кошкӣ, шоме мабод!
Лоиқ Шералӣ
Чӣ гӯям ман, ки дар зеҳнам ту мехонӣ каломамро,
Ба лаб ноомада афсона месозӣ саломамро
Дуруд, эй ҷони ширинам, ки бе ҳарфу ҳиҷо ҳар дам,
Шакарнам медиҳӣ аз лаззати гуфтор комамро
Сукутам бо садо печад, садоям дар хамушистон,
Зи нои устухон овоз бахшоӣ паёмамро
Мани гумгашта будам бехабар аз хештан бе ту,
Нишон доди ба кӯи бехудӣ роҳи макомамро
Ҳамедониву мехонӣ чи оғозеву анҷомест,
Ҳадиси нотамомамро, суруди бардавомамро
Чӣ лутфомез гуфтӣ, Озарахш, ин гулғазал аз кист?
Ба лаб бурдӣ, вале гӯё намедонӣ ту номамро….
Озарахш

Хаёли чашми зебои ту дорам,
Хаёли қадди болои ту дорам.
Аё, эй гуларӯси ишқи покам,
Умеди васли танҳои ту дорам.
Холбой Ҷалил
Ба мо як дам нишин мо ошиқонем,
Ба ҷуз ишқи ту мо чизе надонем.
Агар хоҳӣ, бидонӣ, ошиқӣ чист?
Биё, бо мо нишин, то даркашонем.
Асадулло Шукуров
Интизориҳо кашидам то саҳар,
Шамъи ҷонам сӯхтӣ, эй бехабар!
Орзуҳои дилам бисёр буд,
Водареғо, ки набахшидӣ самар.
Озода Мусалламова
Аз дидани ту нур бигирад чашмам,
Бе қомати ту зи ғам бимирад чашмам.
Дил баски туро хоҳад бо хоҳиши дил,
Бар хонаи худ туро пазирад чашмам.
Абдуалӣ Ғафуров
Аз он тарсам, ки бесар мекунӣ ту,
Маро бе хонаю дар мекунӣ ту.
Ҳазорон гул кунам дар оғӯши ту,
Назар бар ёри дигар мекунӣ ту.
Розия Бадалова
Фақат бо ишқи ту аз ғам раҳоям,
Фақат бо ту басе ман бо сафоям.
Муҳим дар зиндагӣ бори нахустин
Кунун ман бо муҳаббат ошноям!
Умеда Шукурова
Дилписанд туӣ…
Дилбару нозу дилписанд туӣ,
Навбаҳори шукуфаханд туӣ.
Бо лабони чу шир ширинат
Аз табори гуливу қанд туӣ.
Бори аввал бувад, ки мехонам,
Ғазали содаву баланд туӣ.
Бо ҳамон чашмҳои бодомӣ
Боғи сабзу шукуҳманд туӣ.
Нафаси шеъри тозаӣ, бешак
Ки ғазалгуна арҷманд туӣ.
Шаҳри зебои ман нисори ту бод,
Ҳокими шаҳри Панҷиканд туӣ.
Бахудо, кулли шаҳр медонад,
Ҳур дар хиттаи Хуҷанд туӣ.
Бобаки Суғдӣ


