Ҳар чи Ӯ гуфт ғайри он кардан … (шарҳи Чоркитоб)

0

Ҳар чи Ӯ гуфт ғайри он кардан,
Нест суде ба ҷуз зиён кардан.


БАЁНИ МАЪНО

Касоне ба амрҳову дастурҳои илоҳӣ гӯш фаро намедиҳанд ва бебокона амру дастурҳояшро тарк месозанд ва ҳаромкардаҳояшро нодида мегиранд ва дар баҳри маъсияту гуноҳ ғарқ мебошанд, ҷуз зиёну зарар ҳеҷ натиҷаи дигаре аз ҳосили умрашон ба даст намеоранд.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

Агар пурсанд, ки бо кадом далел “ Ҳар чи Аллоҳ таоло  гуфтааст ғайри он кардан ба ҷуз зиёну зарар дидан ҳеҷ натиҷаи дигаре надорад?

Ҷавоб мегӯем, ки бо далелҳои бешуморе, ки баъзеи онҳо чунинанд:

1- Агар касе имони холис наорад ва ба хилофи амру дастури Аллоҳ таоло амал карда куфр ё нифоқро ихтиёр бикунад, ба дӯзах меравад. Дар ин мавзӯъ оятҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ояти 140 сураи “Нисо” яке аз онҳост:

{إِنَّ اللَّهَ جَامِعُ الْمُنَافِقِينَ وَالْكَافِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا } )النساء: 140(

“Ҳамоно Аллоҳ мунофиқон ва кофирон, ҳамагиро дар дузах ҷамъ мекунад”.

2-Агар касе амру дастурҳои Аллоҳ таоло дар мавриди ҳаёти охиратро нодида бигирад ва дар андешаи саъодатмандии охирати худ набошад ва танҳо фикру зикраш дунё бошад, Аллоҳ таоло аз дунё баҳравараш мекунад, валекин оқибат зиёну зарар мебинад ва ба дӯзах меравад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 18 сураи “Исро” Аллоҳ таъоло чунин хабар додааст:

{مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاءُ لِمَنْ نُرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلَاهَا مَذْمُومًا مَدْحُورًا } )الإسراء: 18(

“Ҳар касе дунёи зудгузарро бихоҳад, дар дунё ҳарчи бихоҳем ва барои кадомаш бихоҳем медиҳем, сипас дузахро барояш маъво қарор медиҳем, ки дар он ба шакли хору рондашуда медарояд”.

3- Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дастур додааст, ки вайро холисона ибодат карда шавад ва касоне, ки аз кибру ғурур Аллоҳ таолоро ибодат намекунанд зиёну зарар мебинанд ва хору залил ба дузах медароянд. Дар ин мавзӯъ дар ояти 60 сураи “Ғофир” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:

{إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ} )غافر: 60(

“Ҳамоно касоне, ки аз ибодат кардани ман такаббурӣ мекунанд, ба дӯзах хору залил медароянд”.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣҲар чӣ Ӯ гуфт он кунем ҳама … (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣРӯзу шаб толиби қабули Ваем … (шарҳи Чор китоб)