Рӯзу шаб толиби қабули Ваем,
Пайраву уммати Расули Ваем.
БАЁНИ МАЪНО
Мо барои он, ки Аллоҳ таоло тоату ибодатҳои моро бипазирад, рӯзу шаб дуову тазаррӯъ мекунем ва барои комёб шуданамон дар ин роҳ аз пешвоямон Муҳаммад (с) пайравӣ мекунем ва тоъату ибодати худро мутобиқи суннат ва таълимоти ӯ анҷом медиҳем.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пурсанд, ки бо кадом далел тоъату ибодатҳои мо бояд мутобиқи суннати Пайғамбар (с) анҷом дода шаванд?
Ҷавоб мегӯем, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ба мо дастур додааст, ки намоз бихонед ва Пайғамбар (с) дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин гуфтааст:
“عَنْ أَبِي سُلَيْمَانَ مَالِكِ بْنِ الحُوَيْرِثِ، قَالَ: ..النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،..”وَصَلُّوا كَمَا رَأَيْتُمُونِي أُصَلِّي”، (كذا في صحيح البخاري -8/ 9 (6008 –
“Ва намоз бигузоред, ҳамчуноне манро мебинед, ки намоз мегузорам”.
Мо адади ракатҳои намозҳоро ва кайфияту чигунагии адои онҳоро аз суннати Пайғамбар (с) таълим мегирем ва мутобиқи он адо мекунем.
Яке аз имоми бузурги тасаввуф Абӯалии Сақафӣ чунин гуфтааст:
“وفي الاعتصام للشاطبي – 1 / 156: وقال أبو على مُحَمَّدِ بْنُ عَبْدِ الْوَهَّابِ الثَّقَفِيُّ: لَا يَقْبَلُ اللَّهُ مِنَ الْأَعْمَالِ إِلَّا مَا كَانَ صَوَابًا، وَمِنْ صَوَابِهَا إِلَّا مَا كَانَ خَالِصًا، وَمِنْ خالصها إلا ما وافق السنة” (هو أبو علي محمد بن عبد الوهاب الثقفي. لقي أبا حفص وحمدون القصار،كان إماماً في أكثر علوم الشرع. عطل أكثر علومه واشتغل بعلم الصوفية، وكان أحسن المشايخ كلاماً في عيوب النفس وآفات الأعمال. مات سنة ثمان وعشرين وثلاثمائة. انظر: طبقات الصوفية (ص361)، الرسالة القشيرية (ص34)، طبقات الشعراني -1/ 91 ـ 92).
“Аз ҷумлаи амалҳо Аллоҳ таъоло танҳо амалҳои аз дидгоҳи шариат машрӯъ ва дурустро мепазирад ва аз ҷумлаи амалҳои машрӯъу дуруст танҳо амалҳои холис барои Худо анҷомпазируфтаро мепазирад ва аз тамоми амалҳои дурусту холис танҳо он амалҳоеро мепазирад, ки бо суннат мувофиқ бошад”. Яъне мутобиқи суннат анҷом додашуда бошанд.
Агар касе ибодатҳояшро бо суннати Пайғамбар (с) мутобиқ ва мувофиқ адо накунад, хоҳ нохоҳ ба бидъат гирифтор мешавад. Яҳё ибни Муоз мегӯяд:
“وفي الاعتصام للشاطبي – 1 / 153: وَقَالَ يَحْيَى بْنُ مُعَاذٍ الرَّازِيُّ: اخْتِلَافُ النَّاسِ كُلِّهِمْ يَرْجِعُ إِلَى ثَلَاثَةِ أُصُولٍ، فَلِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهَا ضِدٌّ، فَمَنْ سَقَطَ عَنْهُ وَقَعَ فِي ضِدِّهِ: التَّوْحِيدُ وَضِدُّهُ الشِّرْكُ، وَالسُّنَّةُ وَضِدُّهَا الْبِدْعَةُ، والطاعة وضدها المعصية”. (وفي الأعلام للزركلي – 8 / 172: – ” من خان الله في السر، هتك الله ستره في العلانية “. – ” اجتنبتُ صحبة ثلاثة أصناف من الناس: العلماء الغافلين، والقراء المداهنين، والمتصوفة الجاهلين “)
“Ихтилофи мардум дар се асле мунҳасир мешавад, ки ҳар кадомашон зиду нақизи худро дорад:
1- Асли аввал тавҳид мебошад ва зидду нақизи вай ширк аст. Пас касе дар тавҳид хато кард, хоҳ нохоҳ дар ширк воқеъ мешавад.
2- Асли дуввум суннат аст ва зидду нақизи он бидъат аст. Пас касе суннатро риъоя накард ва ё тарк кард, албатта дар бидъат воқеъ мешавад.
3- Асли саввум тоату ибодат мебошад ва зидду нақизи он гуноҳу маъсият аст. Пас касе тоъату ибодатро тарк кард дар гуноҳу маъсият воқеъ мешавад”.
Шайх Саъдӣ ин матлабро чунин баён кардааст:
Хилофи Паямбар касе раҳ гузид,
Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Маҳол аст Саъдӣ, ки роҳи сафо,
Тавон рафт ҷуз дар пайи Мустафо.