Ҳикмати “дӯст доштан”

1

Ҷавоне ба назди дарвеше, ки дар сари бозор нишаста буд омаду тангаи тиллое дод ва суол кард:

– Ман аз шумо маслиҳате мехостам. Ба ман духтаре писанд аст. Ман дар фикри ӯ азоб мекашам ва намедонам чӣ кор кунам: ӯро ба ҳамсарӣ гирам ё нагирам?

– Нагир.

– Чаро?

– Агар ту дар ҳақиқат инро мехостӣ, назди ман намеомадӣ ва аз ман маслиҳат намепурсидӣ.


– Фарқи байни “писанд аст” ва “дӯст доштан” дар чист? 

– Вақте гуле ба шумо писанд аст, онро меканеду мебӯед, аммо агар шумо гулеро дӯст доштед, ба он обу ғизо дода, онро нигоҳубин мекунед.


Касеро, ки умедвор аст, ҳеҷ гоҳ ноумед накун, шояд умед танҳо дороии ӯ бошад.


Шод будан танҳо интиқомест, ки метавон аз дунё гирифт, пас ҳамеша шод бош.


Зеботарин ҳикмати дӯстӣ ба ёди ҳам будан аст, на дар канори ҳам будан.


Дӯст доштан беҳтарин шакли моликият ва моликият бадтарин шакли дӯст доштан аст.


Муҳим будан хуб аст, вале хуб будан хеле муҳимтар аст.


Биё лабханд бизанем, бидуни интизори ҳеҷ посухе аз дунё.

Дар бораи ИШҚ ва “ишқварзӣ”-и ҷавонони имрӯза


Манбаъ: Рангинкамон, Замимаи “Ворисони Сомониён”.


Дуст доштан, ишку ошики, дуст дори, чи гуна бояд дуст дошт.

Мақолаи қаблӣПандҳои Луқмони Ҳаким
Мақолаи баъдӣҲафт панди Мавлоно

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед