Яке аз намудҳои шӯҳратёфтаи соҳаи варзиш ин бозии теннис мебошад, ки аз асрҳои гузашта то ҳол рӯшду пешравиҳои худро дар байни ҳаводорони ин ришта боқӣ гузоштааст.

Магар донистан намехоҳед, ки :
Аввалин маротиба теннис октябри соли 1884 ба расмият дароварда шудааст.
Соли 1896 он ба сафи бозиҳои олимпӣ шомил шудааст.
Федератсия тенниси байналмилаллӣ (ИТФ) соли 1913 ташкил шуда, президенти аввалинаш Франческо Ричи Битти мебошад.
Аввалини тӯбча барои бозии теннис аз чӯби дарахт тайёр шуда буд, ки дар ҳолати бозӣ бисёр ҳам хатарнок ва ба ҳалокат расонанда буд. Баъдан он аз чарму дигар маҳсулотҳои лозимӣ омода мешуд, то ки дар ҳолати бозӣ барои бозингарон бехатар бошад.
Ҳар сол зиёда аз 300 млн. тӯбчаи тенис, ки аз тарафи ширкатҳои варзишӣ омода мешаванд, барои фурӯш пешниҳоди харидорон мегардад.
Калимаи теннис фаронсавӣ буда, ба забони тоҷикӣ “ана Шумо гиред” тарҷума мешавад.
Бозии теннис барои беҳтар кардани кори чашм воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
маълумот дар бораи теннис, бозии теннис, теннис кай пайдо шудааст, бо забони точики.


