Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 87
تَرۡجِعُوۡنَهَاۤ اِنۡ كُنۡتُمۡ صٰدِقِيۡنَ ٨٧
Тарҷиъунаҳа ин кунтум содиқӣн. 87.
87. Агар рост мегӯед, рӯҳро (ба ҷасад) бозгардонед,
Ин оят хитоб аст, ба касоне, ки баъсро (аз нав зинда гардониданро) дурӯғ мешуморанд, Аллоҳ таъоло дар зимни оятҳои мазкур мефармояд, ки агар шумо бо боварии том гуфта тавонед, ки ҳисобу китоб барои шумо нест. Шуморо баъд аз мавт касе суроғ намекунад; Барои амалҳоятон ҷавоб намегӯед; Натарсида, ҳар коре, ки хоҳед, карда истодаед; Дида истодаед, ки ҷон ба гулӯи маҳбубатон омад, пас аз лаҳзае хориҷ мешавад; Чаро мегузоред он азизи дилатон шуморо тарк намояд? Эй инкоркунандагони баъсу нушур, агар шумо ростгӯй бошед, баргардонед ҷони дар гулӯ омадаро! Акнун чун дар ин амал оҷиз мондаед, ба яқин бидонед, ки ин кори Парвардигори яктост ва Ӯ ба ҳама чиз қодир аст! Пас, бояд ба Ӯ имон биёред ва итоати Ӯро кунед!
Оятҳои анҷоми сура баёнгари оқибати инсон баъд аз мавт аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «