Дар ин мақола чунин саволҳо баррасӣ мешаванд: Кай шахс бояд закот диҳад? Закотро чи микдор бояд дод? Закотро ба кихо додан лозим? Агар тарки закот кунем чи мешавад? Бодиққат ва то охир хонед >>

Шароити фарз шудани закот ҳафт аст (Яъне бояд чунин бошад шахс то закот диҳад):
- Ҳуррият-яъне озод будан;
- Балоғат4
- Оқил;
- Ислом;
- Нисоб;
- Гузаштани сол;
- Ғайр аз қарз соҳиби мол будан.
Нисоби закот (Чӣ қадарро бояд закот дод?)
Касе, ки пулаш ба ҳисоби тиллои мағоза ба 100 грамм расидааст, соҳиби нисоб шуморида шуда, аз он 2,5 фоизашро закот медиҳад. Нияти закот дар вақти додан ё ҷудо кардан фарз аст.
Закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 20400 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол ба андозаи 510 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.
Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ӯ закот фарз намешавад. Агар касе молики нисоб набошад ва ба шахсе маблағе диҳад, ин амалаш садақа ва эҳсон ҳисоб шуда, дар ивази он аҷру савоб мегирад, аммо закот ба ҳисоб намеравад.
Масорифи закот (Закотро ба ки диҳем?)
- Фақир–яъне шахсест, ки ӯро мол асту аз нисоб кам аст;
- Мискин– яъне шахсест, ки ӯро чизе нест;
- Омили закот–яъне ҷамъкунандаи закот;
- Мукотаб – яъне ғуломе, ки барои озод кардани худ кор карда истодааст.
- Мадюн – яъне шахсест, ки аз ватанаш дур афтодааст ва бо худ чизе надорад.
Танбеҳ (Агар закот надиҳем?)
Касе, ки закот надиҳад, намози ӯ қабул намешавад ва моли ӯ бар ӯ ҳалол намешавад ва агар садақа ва хайрот кунад, қабул намешавад. Ривоят кардааст Абу Ҳурайра разияллоҳу ъанҳу аз Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, касе ки Парвардигор ӯро мол диҳад, вале закоташро адо накунад фардо рӯзи қиёмат сӯхта мешавад бо ҳамон мол рӯи ӯро ва ду паҳлӯи ӯро ва пушти ӯро ва ҳар вақто, ки хунук шавад боз такрор карда мешавад ҳамон азобро.
Маълумотҳо аз “Фарзи айн” оварда шудаанд.


