Назаре ба волейбол

0

Яке аз намудҳои шӯҳратёфтаи риштаи варзишро бозии волейбол ташкил медиҳад. Волейболро Уилям Ҷон Морган устоди колеҷи Асотсиатсияи ҷавонони христиан  асос гузоштааст. Ӯ аввалин маротиба 9-уми феврали соли 1895 сеткаи теннисиеро дар баландии 198см  овезон карда, шогирдонашро ба ду қисм тақсим намуда,  бозии наверо бо номи “минтонет” асос гузошт, ки баъдан бо пешниҳои проффесори колеҷи мазкур бозӣ ба худ номи “волейбол” –  ро гирифт.

Ватани волейбол Амрико ба ҳисоб меравад.


Бозии волейбол дар майдончаи ҳаҷмаш 18х9 гузаронида шуда, баландии тур барои мардон 2,43м ва барои занон 2,24м муайян шудааст.


Бозӣ бо ҳисоби баландтарин дар таърихи волейбол миёни дастаҳои занонаи яккачини Таиланд ва Бангладеш бо ҳисоби бузурги 25/1, 25/3 дар санаи 13-июни соли 2009 ба қайд гирифта шудааст.


Волейбол соли 1964 ба ҳайати бозиҳои Олимпӣ шомил шудааст.


Соли 1949 Ҷоми Ҷаҳон ва соли 1948 Ҷоми Аврупо оиди волейбол ташкил ёфтааст.


Федератсияи байналмилаллии волейбол (FIVB) соли 1947 пайдо шуда, президенташ Ари Граса мебошад. Он яке аз ташкилотҳои бузургтаринест, ки дар он 218 мамлакат аъзост.


Рекорди сербинандатарин бозии волейбол миёни дастаҳои яккачини Иттиҳоди Шуравӣ ва Бразилиа соли 1983, ки дар майдони футбол шуда гузашт,  зиёда аз 100 000 нафарро дар бар мегирифт.


Дар ҳақиқат волейбол аз аввали пайдоиш то ҳол ба ҳама харобиву пешравиҳои мамлакатҳои ҷаҳон нигоҳ накарда, дар ҳоли пешрафт аст ва айни ҳол мухлисони ҳаводорони худро ба монанди дигар риштаҳои варзиш дорост.

Мақолаи қаблӣИн ҳам мегузарад!
Мақолаи баъдӣЧаплин: “Дарсе, ки аз падар гирифтам”

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед