Шеъри ҳаҷвие бо номи “Занаке” бо лаҳҷаи бошандагони Дарвоз меорем. Шеъри ҳаҷвӣ аз сайти Суи Дониш >>
Рухи ту ранги қамар пуртабу тобай, занаке,
Дилакм ай ғами ту гашта кабобай, занаке.
Ва ҳавои бағалу бӯсаи лаҳди лави ту,
Мӯву мӯйи баданм чангу рубобай, занаке.
Нестм як мни бечора гирифтор ва ту,
Ҳошиқи рӯи ту сад олиҷанобай, занаке
Ба Худо, ки зи ҷудоии ту ҷуни мни зор
Ва қадамбӯсии ту но ба рикобай, занаке.
Ҳар қадар бӯсу диҳӣ, кам нагара як сари мӯ,
Чунки ин ганҷи ту берун зи ҳисобай, занаке.
Синаам аз ғами ҳаҷри рухи ту пур зи алов,
Ҳарду чашмом зи фироқат пури обай, занаке.
Ту биё нимшавак дар бағали мн бдаро,
Шӯйи бадранги сияҳрӯи ту хобай, занаке.
Эй биё зудтарак, ноз макн, буҳна насоз,
Ҳиҷ медунӣ мна кори штобай, занаке.
Ҳошиқи содиқу ҷунбози ту, эй роҳати ҷу,
Маҳмуми сӯхтаи хунахаробай, занаке.
Шеъри Дарвози, Дарвоз шеър.




Бехтарин Сомонаест, ки то ҳол ма ҷустуҷу менамудам, дар бораи ҳамаи мавзухо оварда шудааст бехтаринаст рахмат барои чунин барномаи зебо..
Сипоси бепоён дӯсти азиз. Миннатдорем. Суханони шумо ба мо рӯҳан қувват мебахшанд, то боз ҳам мавзӯҳои ҷолибу хонданиро пешкаш кунем. Бо мо бошед!