Зани хуби фармонбари порсо (ҳикояи ҷолиб)

0

Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.

оила ислом

Сарвари ширкати бонуфузе ҳамроҳи ҳамсараш хостанд, ки кори ғайриодие анҷом диҳанд. Барои хӯрдани хӯроки шом ба ошхонае, ки таомҳояш қимат набуд, омаданд. Вақте ки онҳо вориди ошхона шуданд, соҳиби он аз сардори ширкат пурсид, ки оё метавонад бо ҳамсараш сӯҳбати хусусӣ дошта бошад?

Ҳамсари роҳбари ширкат дар алоҳидагӣ бо соҳиби ошхона сӯҳбат кард. Баъд аз он мард аз ҳамсараш пурсид, ки чаро ӯ инқадар муштоқи сӯҳбаташ будааст?

Ҳамсараш гуфт:
– Соҳиби ошхона иброз дошт, ки дар ҷавониаш девонавор ошиқи ман будааст.
Сипас, соҳибширкат гуфт:
– Агар ту бо ӯ издивоҷ мекардӣ, ҳоло соҳиби ин ошхона будӣ.
Ҳамсараш дар ҷавоб гуфт:
– Агар ман бо ӯ издивоҷ мекардам, ҳоло ӯ сарвари ширкати бонуфузе мебуд, ки шумо ҳастед.

Таҳияи Қ.Аҳмадзод.

Мақолаи қаблӣИмоми Аъзам – Абуханифа Нуъмон (маълумоти пурра)
Мақолаи баъдӣЧи тавр вақтро сарфа кунем?