Розҳои волидайни муваффақ

0

Хонавода аввалин ҷомеаест, ки фарзандон маҳоратҳои лозимро дар он ёд мегиранд. Аввалин улгуҳое, ки онҳо ба чашм мебинанд, падар ва модар ҳастанд. Аз ин рӯ, вижагӣ ва хусусиёти волидайн дар муваффақият ва адами он, дар фарзандон бештарин таъсирро дорад.

Дар идомаи навиштор, бо вижагиҳои волидайни муваффақ ошно мешавем.


1 – Волидайни муваффақ дар мавриди робитаҳои физикӣ огоҳ ва боэҳтиётанд

Кӯдакон бахусус дар солҳои ибтидои таваллуд, ниёз доранд ба оғӯш кашида шаванд, ҳамл шаванд ва гоҳо танбеҳ шаванд. Бархе хонаводаҳо метарсанд, ки накунад ин гуна иртиботҳои физикии наздик ва ё ҳатто иҷозат додан ба кӯдакон барои хобидан дар тахти хоби падару модар, боиси вобастагии шадиде миёни кӯдак ва онҳо шавад.

Дар воқеъ ин гуна фарзандон бо эътимоди бештаре нисбат ба ишқи хонаводаи худ бузург мешаванд ва ҳамин тавр эътимод ба нафси бештаре ба худ хоҳанд дошт.


2 – Ба фарзандашон кору масъулият медиҳанд

Фарзандоне, ки дар манзил ба хубӣ ба волидайнашон кӯмак мекунанд, дар оянда ба кормандоне табдил мешаванд, ки ҳамкории беҳтаре бо дигарон аз худ нишон медиҳанд, зеро ҳам масъулиятпазир ҳастанд ва метавонанд масоили гурӯҳиро таҳаммул ва мудирият кунанд.


3 – Волидайни муваффақ сатҳи таҳсилии болотаре доранд

Бар асоси натоиҷи таҳқиқоти ахир, фарзандони модароне, ки таҳсилоти мутавасситаро пушти сар гузошта ва ё вориди донишгоҳ шудаанд, ба эҳтимоли бештар аз ин таҳсилот бархурдор хоҳанд шуд. Бинобар ин, таҳсилот ва сатҳи саводи падару модар ба унвони омили муассир дар тарғиби бачаҳо ба идомаи таҳсил маҳсуб мешавад.

Инчунин хонед:

5 донишгоҳи бузургтарини ҷаҳон


4 – Бачаҳоро ба анҷоми корҳои рӯзмарраи хона водор мекунанд

Мушовири донишкадаи Станфурд, Ҷулӣ Лискот Ҳеймз (Julie Lythcott-Haims) мегӯяд: “Агар бачаҳо дар хона зарфҳоро намешӯянд, ба ин маъност, ки шахси дигаре ин корро барояшон анҷом медиҳад”.

Ӯ дар идома мегӯяд: “Ин гуна аст, ки бачаҳо ёд мегиранд, аз анҷоми корҳои хона сар боз зананд. Ва аз ин ки ёд бигиранд, корро бояд анҷом дод ва ҳар як аз мо дар беҳбуди натиҷаи ниҳоӣ бояд саҳме дошта бошем, бозмемонанд”.

Лискот Ҳеймз эътиқод дорад, бачаҳое, ки корҳои хонаро анҷом медиҳанд, дар оянда ба унвони нерӯи корие шинохта мешаванд, ки қодиранд ба хубӣ бо дигарон ҳамкорӣ кунанд ва аз ҳамдилии болотаре бархурдоранд ва метавонанд ба сурати мустақил вазоифи муҳиммеро бар ӯҳда бигиранд.

Ин муҳаққиқи маъруф дар идома мегӯяд: “Бо водор кардани бачаҳо ба анҷоми корҳои хона – мисли берун бурдани партов ва шустани либосҳои худашон – онҳо мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки барои он ки бахше аз зиндагӣ бошем, бояд корҳои марбут ба зиндагиро анҷом диҳем”.


5 – Падарон ва модарони муваффақ бо ҳам робитаи солиме доранд

Бар асоси мутолиаи донишгоҳи Илинуйз бачаҳо дар хонаводаҳои пуртаниш, дар муқоиса бо хонаводаҳое, ки афрод дар онҳо бо якдигар канор меоянд, – фориғ аз ин ки волидайн дар канори ҳам зиндагӣ кунанд ё талоқ гирифта бошанд, – пешрафти камтаре аз худ нишон медиҳанд.

Аз тарафе ҳам, фарзандони падару модароне, ки робитаи солим бо ҳам доранд, беҳтар пешрафт мекунанд.

Инчунин хонед:

Розҳои доштани умри тӯлонӣ


6 – Эътимод ба нафс

Шумо ба унвони падар ва модар ба он чӣ ҳастед, бояд  розӣ бошед. Ин ки мудом фикр кунед, барои фарзандатон кам гузоштаед, танҳо изтироби шуморо бештар мекунад. Агар фикр кунед, ки дигарон то замоне шуморо дӯст хоҳанд дошт, ки фарди муваффақе ҳастед ва ба маҳзи ин ки иштибоҳ кунед, аз чамшҳои онҳо хоҳед афтод, танҳо худатонро асабӣ мекунед. Муваффақтарин волидайн онҳое ҳастанд, ки эътиқод доранд наметавон ҳама чизро таҳти контроли худ даровард. Ин ки худатонро бовар дошта бошед, ҳадяест, ки ба зиндагиатон оромиш медиҳад.


7 – Волидайни муваффақ адолатро барқарор мекунанд

Яке дигар аз вижагиҳое, ки волидайни муваффақ бояд дар худ тақвият кунанд, одил будан аст. Ин маврид бахусус барои падару модарҳое, ки чанд фарзанд доранд, бисёр лозим аст. Волидайни одил байни фарзандонашон фарқ намегузоранд. Аз тарафи дигар, онҳо инъитофпазиранд, яъне бо таваҷҷӯҳ ба шароит амал мекунанд. Ба унвони мисол, агар як бор фарзанди шумо иштибоҳ кард, набояд бадтарин муҷозотро барои ӯ дар назар бигиред, ба ӯ иҷозат диҳед, ки аз иштибоҳаш дарс бигирад. Дар сурати такрори иштибоҳ, шумо метавонед танбеҳотро низ шиддат бахшед. Тасмимоте бигиред, ки ба нафъи фарзанди худатон аст, на ба нафъи шумо. Агар шумо адолатро дар мавриди фарзандатон ба кор гиред, онҳо низ ба шумо эҳтиром хоҳанд гузошт.


8 – Падару модарҳои муваффақ робитаи хубе бо фарзандашон барқарор мекунанд

Таҳқиқот нишон додааст, ки кӯдаконе, ки дар се соли аввали зиндагӣ муроқибати руҳӣ ва равонии хеле хубе дарёфт кардаанд, на танҳо аз озмунҳои мактаб, балки дар равобити даҳаи сисолагиашон низ аз муваффақиятҳои бештаре бархурдор будаанд. Тарбияти кӯдакии онҳо ҳатто дар замоне, ки худ фарзанддор мешаванд, асар гузошта ва фарзандони беҳтаре ба ҷомеа таҳвил медиҳанд.


9 – Имкон медиҳанд кӯдак мустақил бошад

Волидайни хуб медонанд, ки кӯдакон дӯст доранд корҳояшонро ба таври мустақил анҷом диҳанд, ин корҳо метавонад шомили анҷоми вазифаи хонагӣ, пайдо кардани дӯст ва ё корҳои одӣ ва рӯзмарра бошанд. Беҳтарин коре, ки ба унвони падару модар метавонем анҷом диҳем, ин аст, ки кӯдакамонро ба самте ҳидоят кунем, ки худашон битавонанд корҳояшонро анҷом диҳанд. Мумкин аст ташхиси ин ки чӣ қадар бояд кӯмакашон кунем ва ё чӣ қадар бояд ба кӯдак имкон диҳем худаш ба танҳоӣ кореро анҷом диҳад, каме сахт бошад, аммо ба унвони як қонуни куллӣ, кӯмак кардан бо ҳадафи омӯзиши шеваи анҷоми кор эроде надорад. Бо ин равиш, кӯдак саранҷом қодир ба анҷоми мустақилли ҳамон кор хоҳад буд.

Ба унвони мисол, анҷоми вазифаи хонагии кӯдак тавассути падару модар, ё истодан канори замини бозӣ ба ҳеч ваҷҳ муносиб нест, аммо агар ба кӯдак нишон бидиҳед, ки чӣ гуна метавонад рӯи мушкилоти марбут ба вазифаи хонагӣ ва дарсиаш ва мушкилотеро, ки бо дӯстонаш дорад, бо равиши эҳтиромомез ҳал кунад, абзори хуберо барои оянда ба ӯ хоҳед дод.


Сарчашма: сомонаи “Хонаводаи солим”.

Муваффақиятро дар 7 амали зерин дарёб

Мақолаи қаблӣҶон Ракфеллер-намунае барои сарватманд шудан
Мақолаи баъдӣРозҳои доштани умри тӯлонӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед