Занхо бештар аз чи метарсанд? Ҷавоб ба ин савол дар ин мақола оварда мешаванд. Ҳама намуд маълумотҳо оиди занҳо дар сомонаи Суи ДОНИШ – www.DONISH.su >>
Занҳо мисли гуланд. Гулҳо бошанд, нигоҳубини махсусро талаб менамоянд. Занон ҳам ба худ чанд сирри махфӣ доранд. Барои донистани ин сирр сараввал бояд посухеро пайдо намоем, ки занҳо дар зиндагӣ бештар аз чӣ метарсанд?
Аз зани дуввум гирифтани шавҳарашон.
— Мабодо — ку зани дуввум нагирифта бошад, — гӯён ҳар замон аз шавҳар бадгумон мешаванду дар дилашон, ба қавле, алов меафтад.
Аз ҷӯроби бадбӯйи дар дамгаҳи дар ё рӯи хона партофтаи шавҳар.
Бисёре аз мардҳо бепарвоӣ зоҳир карда, ҷӯроби худро ношуста, ба таги ҷевон ё пеши роҳрав мепартоянд, ки ин ба асаби ҳамсарон сахт таъсир мекунад.
Аз мошин гирифтани шавҳар.
Ба дилашон оташак меафтаду дар дил рашк пайдо мекунанд, ки «ана, шавҳарам мошин гирифту акнун дар ҳар қадам духтарони зеборо ба мошинаш савор мекунад».
Аз нонхӯрак(таракан) ва муш.
Тамоми занҳо баробари дидани нонхӯрак дод мезананд.
Аз хушдоман.
Зеро аксари хушдоманҳо ба ҳаёти шахсии писар дахолат мекунанд.
Аз бӯйи атри нави шавҳар.
— Мабодо – ку, шавҳараш бо маъшуқааш бӯсобӯсӣ карда, бӯйи атрашро дар куртаву костюми ӯ намонда бошад?!
Аз телефони мобилӣ.
Ҳамин ки шавҳарро бо телефони мобилӣ дар гӯшаи хона ё ҳавлӣ танҳо дид, даррав ба дилаш рашк роҳ меёбаду фикр мекунад, ки «оҳо, шавҳарам арӯси нав ёфтааст.»
Аз ранги сиёҳ кардани мӯйи сар.
Агар раваду шавҳараш мӯйсари сапедашро ранги сиёҳ кунад, ҳатман зан фикр мекунад, ки шавҳараш маъшуқае пайдо кардааст.
Маълум мешавад, ки тамоми тарси занон аз маъшуқа ё зани дуввум гирифтани шавҳарон будааст. Модоме чунин аст, пас, занони зебои азиз, ин тарсро аз дил дур кунед ва худро танҳо барои шавҳарони худ зебову ороста намоед.
Зафар Амиршоев